Дуруд ҳаммеҳан!

August 10, 2009

Чор чизе ки  бояд дар ёд дошта бошӣ!

Нахуст бояд бигуям, ки ман худ Акбари Турсон нестам!

Дуввум, ин торнигорро барои он сохтам то гуфтугуи донишманди Тоҷик, Акбари Турсон, дар Радиоӣ Озодӣ ки чанде замоне пештар гузаронида шуд, миёни ҳаммеҳанонам пахш гардад.

Севвум, бар андешаям бахши “гуфтугу”-и (ба вожаи Инглиси “форум”) торномаи Радиоӣ Озодӣ начандон хонданбоб аст. З-ин ру, тасмим гирифтам то торнигоре бисозам, ки ҳам хонданбоб бошаду ҳам дилкаш. Ин мазмуни онро надонад, ки ман нисбат ба Радиоӣ Озодӣ бадбини мекунам.

Чорум, умед дорам аз хониши осону “тир ба нишон” (гуфторе, бидуни “шаф-шаф”) хушатон ояд.

Бо арҷу сипос,

– Пажуҳишгар


Радиоӣ Озодӣ: пурсишҳову посухҳо бо Акбари Турсон!

August 10, 2009

Пурсиш 1: Ман як тафовути калонро дар хаёт ва фаъолияти шумо мебинам. Хайронам ки чаро фалсафа аз як тараф ва аз тарафи дигар кайхоншиноси?

Посух: Кайҳоншиносӣ, космология ва космогония аз фалсафа дур нестанд ва дар осори бузургони фалсафаи форсу тоҷик аз садсолаҳо пеш мақоми муҳим доштанд. Вақте ки кайҳоншиносӣ бори нахуст қариб се ҳазор пеш пайдо шуд, як бахши асотир буд ва сонӣ, вақте ки фалсафа ба унвони фалсафаи табиат пайдо шуд, яъне замоне ки файласуфони аҳди бостон нақшаи коинотро сохтанд, кайҳоншиносӣ як ҷузъи натурфалсафаи қадим буд. Бино бар ин агар Шумо осори Ибни Сино, Форобӣ ё ҳар файласуфи қадимаи моро нагиред, дар ҳамаи он осори кайҳоншиносӣ ҳузур дорад. Андешаи сохтори тамоми коинот ва пайдоиши он, яъне на танҳо ситораҳое, ки мебинем, балки хеле фарохтар. Ончи дар осмон мебинем фақат як ҷузъи майдаи коинот аст. Дар шакли том омӯхтани пайдоишии коинотро космогония ва ё ба тоҷикӣ кавншиносӣ мегӯянд ва бахши савум замон ё мурури замон дар пайдоиш ва таҳаввули коинот аст. Агар замон оғоз дорад оё анҷом ҳам дорад ва таҳаввули коинот дар ин замон чист? Ниҳоят, бахши чаҳоруми он ба мақоми инсон дар коинот ихтисос дорад. Ин масъала дар кайҳоншиносӣ ба як бахши физикаи назарӣ табдил ёфтааст. Мақоми инсон дар коинот ва бастагии тамоми қонунҳои табиат ва ҷомеа як масъалаи иловаест ба кайҳоншиносии физикӣ, ки аммо аз доираи физика берун мебарояд ва бино бар ин онро кайҳоншиносии табииӣ меомӯзад. Аз ин ҷиҳат ман ки дар бахшии физикаи назарӣ сар карда будам, сипас ба фалсафа таваҷҷӯҳ зоҳир кардам ва дидам, ки ин масъалаҳо бо ҳам робитаи дарунӣ доранд. Ман ҳам ба думболи ҳамин робита рафтам. Яъне вақте ки ман кайҳоншинос шудам, ман касбамро тағйир надодам, балки ихтисосамро дар ин касб тағйир додам. Ман ин ҷо ҳеҷ тафовутеро намебинам.

Пурсиш 2: Оё мо хамон рисолахои Шуморо дар Амрико ё дар Точикистон дарёфт карда метавонем?

Посух: Дар посух ба суоли дувуми Шумо мегӯям, ки дар рисолаи “Ҳумоюн ва Искандар” масъалаи мақоми фарҳанги тоҷик дар таркиби фарҳанги Шарқ ва фалсафаи таърихи тоҷик дар матоъи таърихи ҷаҳон баррасӣ мешаванд, яъне мо кай шакл гирифтем, таъриху фарҳанги мо чӣ виджагиҳо дорад ва он дар матни фарҳанги эронӣ ё ориёзамин чӣ мақом дорад ва умуман чашмандози таърихи тоҷикон ҳамчун ҷузви таърихи ақвоми эронӣ ё ориёӣ чӣ гунааст. Маънии Ҳумоюн ва Зулқарнайн дар байни Шарқу Ғарб мондани тоҷикон аст, ки тафаккури онҳо низ дар ин моваро мондааст ва бино бар ин мо як пуле дар байни ин дуем. Аввал бояд ин рисола ба поён расад ва иншоаллоҳ нусхаҳои онро дар интернет низ нашр хоҳем кард.

Пурсиш 3: Оё Шумо имкон доред, ки андешахои худро дар аудио ё видео сабт карда дар Ютюб гузоред?

Посух: Бархе аз андешаҳои банда дар сомонаи Ютюб дастрас ҳастанд ва худам як торнигоре ҳам дорам, ки албатта, бахши бештари кораш ҳанӯз дар пеш аст, вале муҳим аст, ки оғоз ёфтааст.

Пурсиш 4: Ё сахифаи интернетии худро боз карда, рахнамои чавонони точик бошед?

Посух: Хоҳишмандон метавонанд, ба ин торнигор сар бизананд: http://turson.wordpress.com/. Аммо чизҳое ки бояд дар он бигузорам ончунон зиёданд, ки нерӯи як худи ман намерасад, кори бисёр мураккаб аст, ки ҳамаи он мавод бастабандӣ ва пешкаш шавад. Ҳазорон матлабе ҳаст, ки бояд ба торнигор баровард то дастраси мардум ва махсусан ҷавонон бошад. Бо истифода аз фурсат аз корманди радиои “Озодӣ” Салими Аюбзод ташаккур мекунам, ки як силсила муколама ва наворҳои видеоии маро дар торнигори худ http://aioubzod.wordpress.com ба нашр расондааст. Умедворам, ба зудӣ маводи бештаре ба дасти ҷавонон хоҳад расид.

Пурсиш 5: Устод, оё нияти ба ватан баргаштанро доред? Агар не, ба чи далел?

Посух: Бале ҳатман ба Ватани азизамон, ки модари ҳамаи мост, бар хоҳам гашт, аммо ба вақту соаташ. Ҳар куҷо ки хуни нофи инсон рехтааст, зодгоҳ ё ба маънои васеаш ватан, муқаддас аст. Дар деҳае ки таваллуд шудаем, як ватани мост, ба шаҳр таҳсил равем, мафҳуми ватан боз васеътар мешавад ва агар ба хориҷа равем, мафҳуми ватан васеъ намешавад, аммо зовияи дидану шинохтани Ватан васеътар мешавад. Ман ҳатман бармегардам. Ҳамин корҳое ки сар кардаам, анҷом диҳам, ҳатман бар хоҳам гашт. Ин корҳоро дар нимароҳ партофта рафтан намешавад. Соняин, мо бояд мафҳуми Ватанро аз ҷойи истиқомат фарқ кунем. Мо дар Ватан ва ҳамроҳ бо Ватан зода мешавем. Аммо ҳар куҷо зиндагӣ мекунем, чизи дигар аст. Мо аз берун ба Ватан нигоҳ карда, мисли аз сайёраи дигар ба ватан нигоҳ кардагӣ барин, ҷаҳонбиниамонро рушд медиҳем. Аз ин ҷиҳат дар ин ҷо будан, ягон зараре ба Ватан нест, баракс ҳар қадар ки дур бошед, меҳратон ба Ватан бештар мешавад. Тавре ки Лоҳутӣ гуфтааст: “Эй модари ватан, писаронат намурдаанд, Осуда бошад, ки гӯли аҷониб нахӯрдаанд.” Ман аз ҳамин ҷиҳат ба Ватан нигоҳ мекунам ва ҳар куҷо бошам дар роҳи хидмат ба Ватан ҳастам ва “гӯли аҷониб нахӯрдаам.”

Пурсиш 6: Оё Точикистон ба тахаввулоти фарханги ниёз дорад ва ё на? Агар назари шумо дар ин маврид некбинона бошад, оё Шумо метавонед хамчун як фарзанди фарзонаи миллат тархи чадиди ислохоти хаёти фархангии чомеаро барои мардуми шарифи Точикистон пешниход намоед?

Посух: Он чизе ки домулло Бобоҷон Икромов мегӯяд, ду ҷиҳат дорад. Якум — амалӣ ва дувум — назарӣ. Ҷиҳати амалӣ ин аст, ки сохторҳое, ки дорем, ҳамааш нусхабардорӣ аз замони шӯравист. Барои ҳамин дар ин замони соҳибистиқлолӣ ин ба талаботи ҳозира ё нав ҷавоб дода наметавонад. Барои ҳамин ин ҳамаро бояд аз нав сохт. Ман нақшаҳое дорам дар бора, аз ҷумла дар бораи бозсозии Академияи улум, то ба муассисае табдил ёбад, ки ҳам дастёри давлат бошаду мададрасони ҳукумат ва ҳам таҳкимдиҳандаи миллату мамалкат. Ва дар шароите ки мо қудрати кофии молӣ надорем ва ин ниҳодро дар сатҳи имрӯзаи ҷаҳон бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардан душвор аст, бояд сохтори дигар ва тарзи кори дигаре ба вуҷуд овард, бояд ҳамаи ин мероси шӯравиро мавриди ислоҳот қарор дод. Ва дувум, ҳоло дар ҷаҳони имрӯз низоми маълумоти олӣ ва илми академӣ ба ҳам пайваст шудаанд. Масалан, дар Амрико академия ба он шакл вуҷуд надорад ва илму донишгоҳ ҳарду тавъаманд .Аз ин ҷиҳат бояд исолоҳот кард. Дувум — ҷиҳати назарӣ. Албатта, дар ин маврид ҳам ман нақшаҳое дорам, ҳарчанд намедонам амалӣ шуданист ё не, зеро ин кори якрӯза нест. Бояд раванди суннатиро тағйир дод. Ин чунин маъно надорад, ки мо аз тарзи фикри Сино ё Аҳмади Дониш берун бароем. Якум — худшиносии интиқодӣ. Мо ба таърихамон асосан омиёна менигарем ва аз он сабақ омӯхта наметавонем. Танҳо ифтихор дорем ва он ҳам асосан ифтихоре, ки худ далелҳояшро намедонем. Сабақ омӯхтан аз таърих бояд дар заминаи худинтиқоди миллӣ сурат гирад. Бино бар ин бояд тариқи тафаккури миллиро тағйир дод. Ояндаи Тоҷикистон ба ин ҳам вобастааст. Дигар масъалаи бисёр муҳиме, ки дар замони шӯравӣ ҳам ба он диққат медоданду аммо то охир расонда натавонистанд, ба қавли Айнӣ агар гӯем, кадррасонӣ аст. Якум — тарбияи кадрҳо ва дувум ҷобаҷо кардани кадрҳои буда. Дар замони шӯравӣ мо он имконияти бударо ҳам истифода бурда натавонистем. Ба таҳсил дар донишгоҳ эътибор дода намешуд. Як тарҳи тарбияи кадрҳо вуҷуд надошт. Баррасӣ намешуд, ки мо дар кадом риштаҳо кадр надорем ва бояд тарбия кунем. Агар дар ёд дошта бошед, чунин мутахассисонро аз Русия барои мо мефиристоданд, мо ба онҳо ниёз доштем. Мо агар имрӯз дар замони истиқлол масъалаи кадррасониро дар сатҳи давлатӣ гузорем ва бо кӯмаки муассисаҳои байнулмилалӣ дар фикри кадрҳое бошем, ки кишвар даркор дорад, вазъ иваз шуда метавонад.

Пурсиш 7: Кайҳоншиносӣ ин илми хеле васеъ аст, шумо дар кадом ҷабҳаи он кор мекунед?

Посух: Масъалаи марказии кайҳоншиносӣ имрӯз — робитаи дарунии ташаккули коинот ва таҳаввули коинот ва шароити рушди инсон дар замин як масъалаи куллии ҳозиразамон аст, ки аз рӯи принсипи антропӣ ба миён гузошта шудааст ва ҳоло тасмиме пеш омадааст, ки фалсафа онро ҳал кунад ва дар ҳамбастагӣ бо таърихи иҷтимоӣ ва таърихи биологӣ ва ҳоло байни инҳо як робитае барқарор мегардад, ки сатҳаш ҳанӯз равшан нест, аммо ба як навъ ҳамоиши соҳаҳои гуногуни илм шароит фароҳам меорад. Ин ҷо ҳам физик иштирок мекунад, ҳам сотсиолог, ҳам табиатшинос, ҳам фарҳангшинос ва ҳамоиш ё интегратсияи ин соҳаҳоро фалсафа бояд бар ӯҳда бигирад.

Пурсиш 8: Дар Точикистони мо вокеаи равшанфикр вучуд дорад?

Посух: Албатта, ман дар ин масъала як гуфтугӯи тӯлонӣ дорам бо рӯзноманигори варзида Дорои Дӯст, ки қариб 100 сафҳа аст ва ҳоло намедонам дар кадом расона нашр мешавад, яъне нақши рӯшанфикр дар ҷомеа, вазифаҳои маънавию ахлоқии зиёиён ва монанди инҳо. Ҷомии бузург гуфта буд: “Қуфлкушои ҳама дарҳост илм.” Мо дар ибтидои асри 21 мебинем, ки қулфкушои ҳамаи дарҳо нест илм. Бисёр қулфҳоро мекушояд. аммо на ҳамаро. Адл, давлатдорӣ ба рушди ҷомеа бастагӣ дорад. Аҳмади Дониш гуфта буд, адл аз камоли ақл хезад. Яъне агар ақл ба камол расад, дар ҷомеа адл ҷорӣ мешавад. Камоли ақл ин хирад аст ва хирад ин ҳамбастагии ботинии ақл ва ахлоқ аст. Дар ин сурат мо метавонем, ба он ормонҳое, ки мардум аз рӯшанфикрон мунтазир аст, пешниҳод кунем. Мутаассифона, аз давраи шӯравӣ сар карда байни илм ва ахлоқ ҷудоӣ афтод. Сабаб ин буд, ки динро аз ҷомеа ҷудо кардан хостанд ва ин ихтилофи бузург, ҷудоии бузург байни фаъолиятҳои илмию ахлоқии мо ба миён омад. Агар идеали Инсони комилро дар миён гузорем, меҳвари асосияш ахлоқ хоҳад буд. То ахлоқ ба илм напайвандад, ончӣ мехоҳем, ба маънои куллияш ҷорӣ намешавад. Ашрофи ақлия ва ашрофи сиёсат бояд ба ҳам пайванданд ва ҳамин ашроф, ки тақдири ҷомеа дар дасти онҳост, бояд худашон барои ҷомеа намунаи ибрат бошанд.

Пурсиш 9: Чи хукумати точикистон, ва хамаи точикони чахон метавон кард, ки максади пантюркистон – ассимиляция, е ки узбак гардонидани точикони Самарқанду Бухороро шикаст хурад?

Посух: Ин ҳам чанд ҷиҳат дорад. Якум ҷиҳат аз худи фарду шахсиятҳо вобастааст. Мо бояд дар сатҳи шахс бедор бошем ва барои ҳуқуқи худ мубориза бурда тавонем. Сониян: дар сатҳи ҷомеа, ки муташаккил бошад, созмонҳо дошта бошад. Ҳаракати шаҳрвандӣ бояд бошад. Ман, масалан, аз муташаккил будани яҳудиён дар Амрико ҳавасам меояд. Ҳазорон созмону муассиса доранд ва даст ба домани ҳукумат намезананду ба умеди давлат нестанд ва ҳуқуқи худро худ ҳимоят мекунанд. Бино бар ин аз ин бояд мардуми мо низ иборат гиранд. Мо агар интизор шавем, ки касе аз боло меояду вазъи тоҷикони Самарқанду Бухороро иваз мекунад, ғалат хоҳад буд. Бино бар ин агар мардум худашро шиносад, ҳуқуқашро дифоъ карда метавонад. Ман касеро ба шӯриш даъват намекунам, балки ба риояи қонунҳо, муташаккилӣ ва ҳимоят кардан аз ҳуқуқи худ даъват мекунам. Бояд ҳама чиз аз худшиносӣ сар шавад ва бояд ҳасад набошад, балки ҳавас бошад. Вазъи тоҷикон дар бархе аз манотиқи Узбакистон хуб нест, аммо аз берун чӣ метавон кард? Замони таҳияи тарҳи Қонуни забон ман як бандро ба он ворид карда будам, ки ҳимояи забони тоҷикӣ дар хориҷа буд. Ин талош дар рӯзгоре буд, ки ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Узбакистон барои эҳтироми ҳуқуқи мардуми ҳамтабори худ созишномаҳо ба имзо расонда буданд. Масалан, тибиқи яке аз онҳо Тоҷикистон мебоист, мактабҳои тоҷикии Узбакистон ва Узбакистон мактабҳои узбакии Тоҷикистонро бо китобу дастурамалҳои таълимӣ таъмин мекард. Лекин, бубинед, ҳоло чӣ шуда. Дар Узбакистон алифборо тағйир доданд, бо ҷорӣ кардани имтиҳони ягонаи сартосарӣ нуфузи факултаҳои тоҷикиро маҳдуд намуданд ва акнун чӣ гуна Тоҷикистон битавонад, ки мактабҳои тоҷикии Узбакистонро бо китоби дарсӣ таъмин кунад? Ҳамингуна дар риштаҳои дигар низ ташаббусҳои хуби дуҷониба мавҷуд буд, ки акнун фаромӯш шудаанд. Манзурам, як тафоҳуми байни кишварҳост, ки агар он бошад, мушкилиҳо ҳал хоҳанд шуд ва мақсад ин аст, ки ҳуқуқи шаҳрвандии, ман таъкид мекунам, ҳуқуқи шаҳрвандии тоҷикон дар Узбакистон ва узбакҳо дар Тоҷикистон ҳимоят шавад. Аксари ин масъалаҳо танҳо дар сатҳи давлатӣ ҳал шуда метавонад. Яъне дар сатҳи фардӣ — худшиносӣ ва ҳимоят аз ҳаққи хештан ва дар сатҳи давлатӣ — ҳамкорӣ ва тафоҳум.

Пурсиш 10: Андешаи шумо оиди ояндайи тоҷикон: «Пас, чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?» чист?

Посух: Ин албатта, як саволи бисёр куллист. Ин масъала бори аввал аз тарафи Аллома Муҳаммад Иқбол гузошта шудааст. Вақте ки вай дар Олмон рисолаи докторӣ навишт, таърихи Ғарбро омӯхт ва ҳамзамон ба сӯфия рӯ овард ва дид, ки чӣ тавр кишварҳои Ғарб ба рушди илму фанн ва иқтисодиёт ба қуллаҳои баланд расидаанд ва олами ислом ин қадар ақиб мондааст. Барои ҳамин аввал сабаби ақибуфтодагии Шарқзамин дар баробари Ғарбу Амрикоро баррасӣ кард. Набояд айбро ба дигарон гузошту худро мусичаи бегуноҳ гирифт. Мо аз ҷараёни рушд берун мондем ва ин сабабҳои зиёд дошт, вале айб дар худи мо низ буд. Бинобар ин ҳоло бояд дид, ки ба раванди рушди ҷаҳонӣ аз кадом роҳ ворид шавем. Яке аз чунин роҳҳоро гузаштагони мо дар тақлид дида буданд, аммо тақлид аввали кор аст ва минбаъд ақлу фаросат ва донишу таҷрибаи Шумо даркор аст, то тақлидро такмил дод ва онро коромад кард. Дареғ, мо дар кишвари худ аз тақлид фаротар нарафтаем. Аммо вақт интизори мо намешавад. Ҳоло ҳамчунин бояд бинем, ки дар мавҷҳои гилолуди ҷаҳонишавӣ чӣ кунем ва худвижагиҳои хешро чӣ гуна нигоҳ дорем. Албатта, ақидаҳои дигаре ҳам ҳаст, ки мо ҳама. чӣ шарқиву чӣ ғарбӣ, фарзанди Одам ҳастем ва бояд бештар наздик шавем. Аммо ҳоло дар дунё як ҷараёни акс ҳам ҳаст. Ҳифзи худвижагӣ ва рангорангӣ. Бо сабаби чунин гуногунрангӣ табиат рушд меёбад, пас чаро дар ҷомеаи инсонӣ ин чиз набошад. Ояндаро бояд бар пояи омӯхтаҳо, таҳлилҳо, илм, ахлоқ ва вазъи равандҳои ҷаҳонӣ тарҳрезӣ ва амалӣ кард.

Пурсиш 11: Мардуми точик, ки айни хол аз саводу дониш мондаанд ва маърифаташон хеле пас шудаанд, чи кор бояд кард, ки аз ин мушкили бароянд?

Посух: Аз замони ташаккули наҳзати ҷадидия сар карда (ман онро аз Аҳмади Дониш оғоз мекунам) саволе ба мадди назари аҳли фазлу фаҳм баромад, ки онро ахиран Абдурауфи Фитрат равшану бурро қаламӣ намудааст: “Охир, инсофе, ки беилмӣ то ба кай? Ин нодонӣ то чанд?” Вақте ки инқилоби болшевикӣ содир шуд, муосири Фитрат Садриддини Айнӣ ҳамон замон ҳамқавмони ғафлатзадаашонро даъват карда буданд, ки аз фурсати мусоиди иҷтимоию сиёсӣ ҳаматарафа фоида бурда «то ҷон дорем, аввал дар илм ва маориф кӯшем». Шӯравӣ дар воқеъ ҳамаро саводнок кард, вале ин амри савоб ҷо-ҷо бар ивази паст фуровардани меъёру маҳаки савод амалӣ шуд. Гап фақат болойи иваз шудани алифбоямон нест. Ба таърихи масъала бингарем, бармало мебинем, ки аз худи аҳди Сомониён сар карда миёни табакайи афшрофи саводнок ва оммайи мардум шикофии маънави вучуд дошт. Сабаб ин буд, ки китоб ба ҳамагон дастрас набуд; фақат одамони сарватманд бароийи рӯйнавис карда гирифтани дастхатҳо имкон доштанд. Ва фақат шеъри форсӣ буд, ки ҳамагонро маънан ба ҳам пайваста аз мардуми пароканда “як қавми муаззам ба номи тоҷик” (Айнӣ) месохт. (Зимнан, баройи тоҷикон забон ба қавмият мусовӣ буд. Ба ҷумлайи зерини устод Айнӣ зеҳн монед: “Сомониён…ирқан форсизабон ҳастанд”.) Беҳуда нест, ки Айнӣ дар оғози замони шуравӣ ин қадр ҷон мекоҳонданд, ки ҳар чӣ зудтар матбуоти тоҷикӣ таъсис шавад. Лекин ҳақиқат ин аст, ки даврайи шӯравӣ ҳам шикофии мазкурро пур карда натавонист. Сабабаш сиёсатзадагии муҳити иҷтимою фархангӣ буд, ки мероси гузаштаро аз ғалбери идеологияи томгаро гузаронида нимҷону нимҳол интишор медод. Акнун ҳоҷати гап ҳам не: завқи китобхонӣ кӯр шуд! Вақте ки Лоиқ «миллат насохта ҳама миллатгаро шудем» мегуфт, манзураш зуҳури ҳамон шикофи маънавист, ки осору асарашро дар пиндору кирдори ҳамқавмонаш медиду месӯхт. Охир, ангуштшуморанд шахсоне, ки «Шоҳнома»-ро аз сар то охир хонда баромада бошанд – ҳатто дар қатори нафароне, ки шеърнависию нависандагӣ ё нақди суханро касби худ медонанд! Аз ин рӯст, ки Лоиқ басе «хайфи он фарҳанги олӣ» гуфта хитоб кардааст. Ба услуби хоси пешгуфтораш ба китоби устод Шакурӣ хам таваҷҷӯҳ кунед: ҳар сархатти онро «агар мо ҳама медонистем, ки…» гуфта оғоз кардааст. Ба ин маънӣ Фирдавсии суханофаринро ба тариқи комилан дигар қадрдонӣ кардан лозим буд. Бузургону илму фарҳангро осорашон умри абад мебахшад, на ҳайкали сангӣ ё биринҷиашон. Аз он ҷумла нуфузи маънавии арбоби сухан ба нуфуси хонандагонашон вобаста аст, хусусан аз миёни наслҳойи пасоянд. Бинобар ин салоҳи кор мебуд, агар ба пули баройи ҳайкалтарошиву ҳайкалшинонӣ (зимнан, ин кор ба суннати мусулмонӣ мухолиф аст, айнан мисли он ки рӯйи мурдаро кушода ҷасадро ба тамошо гузоштан!) сарф шудагӣ «Шоҳнома»-ро як миллион нусха дар коғази аълосифат ва бо минётурҳойи қадим ороиш дода чоп мекарданду ба ҳар як хонаводайи тоҷик инъом мефармуданд, то ки онро хурду калон ё насл ба насл хонанд ва ё аққалан дар токҳояшон дар паҳлуйи «Қуръон» нигоҳ доранд. Ин кори савоб ба барҳам хӯрдани ҳамон шикофи фарҳангие мусоидат мекард, ки кайҳост миёни хосу ом сурат гирифта бехи каҷравию нокомиҳойи кунуниро ҳам оби сияҳ медиҳад.

Пурсиш 12: Оё ояндаи Точикистонро бо чаноби Эмомали Рахмон Шумо хам дурахшон мебинед? Ё дигар хел?

Посух: Ватани мо давраҳои сахтеро пушти сар кард ва ҳоло дар сари як роҳи муҳиму сарнавиштсоз қарор дорад. Ман боварии комил дорам, ки ояндаи кишвари мо дурахшон аст. Бубинед, бисёр миллатҳо, ба монанди он миллатҳое, ки дар Миср, Сурия, Байнуннаҳрайн, куллан Ховари Миёна ва Африрқои Шимолӣ ба сар бурда, бархе аз онҳо поягузори тамаддунҳои бузурге буданд, аз байн рафтанд, аммо тоҷикон боқӣ монданд ва забону фарҳанги худро ҳифз карданд. Дар солҳои шӯравӣ низ онҳо назар ба дигарон камтар забону фарҳангу дини худро аз даст доданд. Ин худ баёнгари нерӯи бузурги ботинии мардуми мост. Пас чаро бояд ба ояндаи беҳтару хубтар бояд умед набаст?

Пурсиш 13: Аз нигохи Шумо мутахасисоне ки инруз Чумхурии мо тайер мекунад ба талаботи имруза чавобгу аст?

Посух: дар мо низом ё системаи кадррасонӣ бо назардошти ниёзҳои мамлакат бунёд нагаштааст. Аввал бояд барномаи рушди ояндаи кишвар омода гардад ва аз он муайян шавад, ки дар кадом соҳа ба кадом кадрҳо ва ба чӣ теъдод ниёз ҳаст, сипас беҳтарин номзадҳо барои таҳсил дар ин риштаҳо интихоб шаванд ва барои таҳсил ба кишварҳои хориҷӣ фиристода шаванд, ба шарти бозгашти ҳатмии онҳо ба Ватан ва пур кардани ин ҷойҳову иҷрои ниёзҳои мамлакат. Ҳоло ҷавонони мо ҳар кадом бо хоҳишу андешаи худ ба донишгоҳи дилхоҳи худ, бе ягон барномаи давлатӣ мераванд ва таҳсил мекунанд ва гоҳо сафоратҳо ҳам дар бораи онҳо маълумоти комилу дақиқ надоранд ва ин ҷавонон сарнавишти ояндаашон ба гунаест, ки пеш ояд, на ба гунае ки дархӯрди миллат ва мамлакат бошад.

Пурсиш 14: Ба назари Шумо чи гуна метавон барои маризи махалгарои дар Точикистон ва дар байни точикхо давое ёфт? Албатта, ба чуз “давохо”-и забонзада ба мисли “интикод ва сангзании падидаи махалгарои”. Ва чаро ашаддитарин махалгарохои точик мактабхондахову зиёиёни точик мебошанд?

Посух: Ҳамватани азиз, ду пурсише, ки посухашро аз ман дархостаед, саволҳойи доғи рӯзанд. Аввал ба саволи дуюматон (чаро ашаддитарин махалгарохои точик мактабхондахову зиёиёни точик мебошанд?) ҷавоб медиҳам. Мушоҳидаатон комилан дуруст аст: ашаддитарин маҳалгароёни тоҷик мактабхондаҳову ба истилоҳ зиёиён мебошанд. Мушаххастар гӯям, коранда ва паҳнкунандайи тухми маҳаллгаройӣ ду қишри аҳли савод мебошад, ки бо ҳам робитайи дуҷониба доранд (яке ба дигаре табдил меёбад): яке рӯшанфикрон ба маънии танг (ман ин истилоҳро бо назардошти мушоҳидаҳойи интиқодии Оли Ахмад истифода мебарам) ва дигаре маъмурон ба маънии васеъ. Шарҳ додан зиёдатист, ки на ҳамайи рӯшанфикрон ва на ҳамайи маъмурон маҳалгаростанд; онҳое, ки маҳалгаройӣ мекунанд, зотан аз як тоифаанд. Манзурам як гурӯҳи калони одамони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус мебошад, ки онҳоро Александр Солженитсин ба ҷумлагӣ «образованщина» номидааст. Нависандайи маъруфи рус онҳоеро дар назар дорад, ки дар даврони советӣ ҳарому ҳалол хонда (яъне бо истифода аз имтиёз ё гузашти иҷтимойӣ) ва маълумот гирифта (ҳатто ба унвонхойи илмӣ соҳиб шуда!) тамоми зинаҳойи силсилайи маротиби идорайи давлату ҷомеаи шӯравиро пур карда буданд. Дар замони пасошӯравӣ ҳам дар аксари собиқ ҷумҳуриҳойи шӯравӣ суккони идорайи давлату ҷомеа асосан ба дасти онҳост. Сабаби маҳалгароии ду қишри мазкури аҳли савод зоҳиран яке набошад ҳам, ботинан ҳамгун бувад. “Рӯшанфикр”-и маҳалгаро аслан шахси маънан нотамому нотавон аст. Намунайи маъмули он фарди ноком аст, яъне одамест, ки дар соҳайи касбу кори интихоб кардааш комёб нашудааст, Масалан, бо вуҷуди мансаби академӣ ё унвони ифтихорӣ дар ҳунар доштанаш дар илм ё санъат аз тарафи ҳамкасбонаш ва умуман ҷомеа эътироф нагардидааст. (Инро ман ҳавойӣ намегӯям: дар Академияи илмхо бо чунон маҳалгароёни “беолоиш” паҳлу ба паҳлу кор мекардам, ки фақат аз ҳузури ман рангашон мепаррид! Ғояти норасидагии маънавии чунин шахсон будаст, ки айби ошро дар мош меҷӯянд, яъне ҳамеша гумонбаранд, ки маҳз дигаршаҳру дигардеҳагон садди роҳашон мебошанд. Ва вақте ки эҳсоси бегонаситезӣ аз бухлу ҳасади шахсӣ рангин мешавад, чунин «ҷабрдидаву» «ранҷидагон» ба як навъ дарди рӯҳонию равоние гирифтор мешаванд, ки дар илми равоншиносӣ комплекси норасидагӣ гӯянд. Маъмури маҳалпараст бошад, ҳамон аст, ки вазифа ё мансабашро на аз рӯйи савияи донишу малака, лаёқати созмондиҳандагӣ ё, ба истилоҳи кӯҳнайи шӯравӣ гӯям, қобилияти ташкилотчигиаш, балки мувофиқи меъёри маҳалчигӣ ва ё ёру ошнобозӣ гирифтааст. Ва табиист, ки ӯ низ саъю кӯш мекунад, ки дар идорааш одамонро аз рӯйи айни ҳамон меъёру маҳакҳо гирд оварад. Ин амал заминайи психологӣ ҳам дорад: як меъёри ногуфта ё нонавиштайи чунин усули хоста гирифтани кадрҳойи роҳбарикунанда он аст, ки одамони даргоҳ бояд аз худи саркор дида оқилтар ва ё таҷрибаноктар набошанд, то ки дар ҳузури тобеъон эшон, ҳамон тавре ки дилашон мехоҳаду ойини мансабашон ҳам талаб мекунад, бемалол худнамойӣ ё фармонфармойӣ карда тавонанд. Ва ҳамин ки дар идора муҳити созгоре иборат аз лаббайгӯю тамаъкору лагандбардор аз худу бархуд фароҳам омад, сардори он низ ба як навъ дарди равонӣ гирифтор мешавад. Азбаски равоншиносон (психологхо) ё аниқтараш равонковон (психоаналитикҳо) ин дардро ҳанӯз ташхису тасниф накардаанд, шояд онро шартан худгарӣ номем, ки дар силсилабандиҳойи муназзами Ҳазрати Иқбол ҳамрадифи худнигариву худшиканист. Ин дард аз калонгириҳойи маъмулӣ оғоз шуда бо васвасайи азимманишӣ анҷом меёбад. Шиддати бемории худгарӣ бошад, ба дараҷайи ҷоҳу ҷалоли маъмур вобаста аст; дар силсилайи маротиби бюрократӣ курсии мансабаш ҳар қадар баланд бошад, дардаш ҳамон қадар музминтар мешаваду муолиҷааш ҳамон қадар душвортар. Чунончӣ, дар қуллайи силсилайи мазкура маҳалбозӣ ба бутсозӣ табдил меёбад. Ин падида аломати равшани газак гирифтани дигар як дарди кӯҳнайи равонист, ки аз фард ба ҷомеа гузашта оҳиставу пайваста ва каму беш дигар қишрҳойи иҷтимоъро фаро мегирад. Манзурам равонпарешии иҷтимойист, ки бино ба далелҳойи таърих оқибат ҳам забардастонро маънан хароб мекунаду ҳам зердастонро карахту фалаҷ мегардонад. Албатта маҳалгаройӣ ҳадди ифроти ҳамон «ватандӯстии ҷуғрофист», ки онро Муҳаммади Иқбол тавқи лаънат хонда буд. Вале худи ин майл табиист ё маснуъӣ, аслист ё фаръӣ? Аввалан, аз маҳалгаройӣ фоҷиайи миллӣ ё бемории рӯҳӣ сохтан лозим нест. Гарчанде ки маҳалгаройии тоҷикона аз ҳамбастагии омилҳойи рӯҳонию равонӣ ва таърихию фарҳангӣ сар задаасту сиришташ аз охирҳойи садайи нуздаҳӯм ин ҷониб тағйир наёфта, бо мурури замон, ҳеҷ набуд, раванди сиёсии ин падида суст мешавад. Сониян, маҳалгаройиро ба пиринсипи умда ва ҳамагонии маънидод кардани ҷумла падидаҳойи нохуши иҷтимоию сиёсӣ ва маданӣ табдил додан нашояд. Кор ба дараҷае расида истодааст, ки ҳатто дигарандеширо аз ҳамин мавқейи назар таъбир карда истодаанд. Чунончӣ, нафаре аз ширкаткунандагони ин гуфтугӯ шубҳайи илмиамро ба рамзи миллӣ хондани кӯҳ …аломати маҳалгаройӣ хондааст!! Акнун саволи якӯматонро дида мебароям – албатта то ҷое, ки масъаларо худам мефаҳмам. Ба назари ман, ду тадбирро андешидан даркор аст. Тадбири аввал қувват додани таълиму тарбия аст. Манзурам фақат панду насиҳати ахлоқӣ ё маъракабозиҳойи сиёсӣ нест. Корро аз мактаб сар кардан даркор аст. Шояд андар худшиносии миллӣ китоби дарсие таълиф карда онро мураттабу мунтазам таълим дод? Китобе барчида аз баргузидаҳойи таърихи халқ, фарҳанги суннатӣ (ба маънии васеъ: дин, ахлоқ ва одоб) ва ҳуқуқи башар. Умуман гирем, тамоми китобҳойи дарсии тоҷикиро (хусусан андар таъриху фарҳангшинохтӣ) аз нав ва ба тариқи дигар навиштан даркор аст. Ин корро вазорати маориф худаш карда наметавонад, онро бояд Академияи илмҳо ба ӯҳда гирад. Вале баройи ин Академияро куллан аз нав сохта онро ба Фарҳангистони илму маданият табдил додан даркор аст. Тадбири сонӣ – истифода бурдани қудрати қонун аст. Бардошти ман аз таҷрибайи таърихи ҷаҳон, хусусан Амрикою Урупо, ин аст, ки фақат дар чаҳорчӯби сахти қонуни давлатӣ ҳудуду дараҷайи бедодгарии маҳалгароёнаро муайян намуда ва баройи гунаҳкорон ҷазойи сазоворро муқаррар карда бад-ин тариқи самарабахш ҷумла хешбинону бегонагурезонро дарси бародарию баробарӣ омӯзондан мумкин аст! (Албатта то ба ҳадде, чаро ки илоҷи аз тариқи зӯрӣ барҳам додани ҷиноят аслан амри муҳол аст. Лекин агар давлат зӯр надошта бошад ё зӯриро дар чорчӯби қонун истифода бурда натавонад — чунон ки инро солҳойи аввали истиқлоламон дидем — кор аз бад бадтар мешаваду бас.) Ба гумонам, агар Маҷлиси Олии ҷумҳуриамонро дар борайи маҳалгаройӣ қонуни махсус қабул мекард, ин айни муддао мебуд. Қонуни мазкур ҳар гуна кӯшиши поймол ё маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандонро аз рӯйи баромади ҷуғрофӣ, яъне ҷойи таваллуди худашон, падару модарашон ва ё ҳатто бобою бобокалонашон, бояд ҷинояти маъмурӣ эълон намояд (ба унвони дискриминатсияи иҷтимойӣ). Ва ин навъи ҷиноятро аз рӯйи мазмуну маромаш бо ҷинояте баробар кардан лозим аст, ки баройи таъқибу таҳқири одам аз рӯйи мансубияти ҷинсӣ, миллӣ, нажодӣ ё мазҳабӣ муқаррар шудаст. Як тадбири муассир ин аст, ки ҳангоми мувофиқи қонуни мазкур аз кор холӣ кардани райис, мудир ё умуман ҳар навъ маъмури маҳалгаро ба дафтарчайи меҳнатиаш чунин тамғайи расмӣ гузошта шавад: «Ба кори роҳбарӣ қатъан муносиб нест»!

Пурсиш 15: Ба тозаги китоби шуморо унвонии “Эхёи Ачам”, ки дар соли 1984 мунташир шудааст, мутолиа намудам. Аммо ин чо маро номи китоб дар таачуб гузошт. Фикр мекунам, ки Ачам дар киболи мо форсхо як вожаи тахкирист, ки онро арбахо гузоштанд. Яъне, решаи он чим будан,гунг будан аст?

Посух: Гуфтаҳоятон ҷон дорад. Дар ин бора бо эроншиноси маъруф Эҳсони Ёршотир ҳам баҳс доштам. Эшон ба бознашри “Эҳёи Аҷам” ба форсӣ тақриз навишта зимнан айнан ба истифодайи вожайи Аҷам эрод гирифта буданд. Вале масъала ба ғайр аз ҷиҳатҳойи луғавӣ (этимологӣ) тарафҳойи дигар ҳам дорад, ки бояд низ ба назар гирифт. Дар културология мазкур аст, ки худшиносии фард аз тазодди “ману ту” сар мешавад. Ҷомеа бошад, аз муқобилгузории “мову онҳо” ибтидо мегирад, ки хештаншиносии гурӯҳиро таҷассум мекунад. Баъдан муносибатҳойи халқҳову кишварҳо ҳам ба қолиби тазодли “мову онҳо ” кашида шуданд ва таърихи инсоният низ бад-ин сон оғоз ёфт. Меъёри дигаргунагии бегонагон ё фарқи “онҳо” аз “мо”забон буд. Чунончӣ, юнониёни қадим ҷумла одамони бегонаро “барбарос” (барбариён) меномиданд, ки маънии аслии луғавиаш “онҳое, ки забони юнониро намедонанд” буда минбаъд тобишҳойи семантикии таҳқиромез (“нодон” ва “беодоб”) пайдо намуд. Арабҳо низ, вақте ки ба ҷодайи худшиносии рӯҳонию фарҳангӣ ворид шуданд, ҳамайи онҳоеро, ки забони арабиро намедонистанд, гунгу гӯл хонданд, яъне аҷамӣ, ва кишварҳояшонро ба ҷумлагӣ Аҷам. Лекин вақте ки сухан аз муносибати арабҳо ба эрониён, яъне тоҷику форсҳо меравад, бояд се мафҳумро аз ҳам ҷудо кард, ки дар алифбойи кӯҳнаамон ба тарзҳойи гуногун менавиштанд: Аҷам (бо алиф) ба маънии беша, Аҷам (бо айн) ба маъноҳойи сарзамини тоҷику форс ва аҳли ин сарзамин, инчунин Аъҷам (бо алифу айн) ба маънии гунгу гӯл. Ман шубҳа надорам, ки манзумайи ҳаҷвӣ дар борайи Султон Маҳмуд моли Фирдавсист ва дар байте, ки Шоҳпур зикр кардаанд, Аҷам бо айн навишта мешавад, яъне ба маънии гунгу гӯл (аъҷам) кор фармуда нашудаст. Албатта худи арабҳо замонҳойи қадимтар эрониёнро “аъҷам” гуфта метавонистанд, вале бархӯрди минбаъдайи Арабу Аҷам бо эълони ҳақиқати таърихие анҷом пазируфт, ки он вақт амри бадеҳӣ буд ва аз забони Одам-уш-Шуаро Рӯдакӣ баланд садо дод: “Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост!” Шояд мақоли халқии “гузашт он, ки араб таъна бар Аҷам мезад” низ ҳамон вақт пайдо шуда бошад.

Пурсиш 16: Изхори назари Шуморо оиди он,ки оё ягнобиву шугнони, рушониву язгуломи, вахониву ишкошими хам дар чахони демукрот метавонанд баробари забони ноби точики инчунин забони модариашонро низ дар макотиби миёна осуда биёмузанд ва дар баробари забони давлати аккалан соате тавассути радио ва телевизионхои махалли бо забони хеш барномае дошта бошанд, фахмидан мехостам.

Посух: Аз худам пурсед, мегӯям, ки бо масъала ва мушкилаҳойи фарҳангии бадахшониён ман ҳангоми дар идорайи Қомуси Тоҷик кор карданам тасаввуроти воқеӣ пайдо карда будам. Дар идорайи мо яке аз шахсони муътабари фарҳанги ҷумҳуриамон устод Нодири Шанбезода кор мекарданд. Эшон хеле хоксор буданд, аз собиқайи кору зиндагии худ ба мо чизе намегуфтанд. Чун он вақт ҳушу ёди ман ба китоби “Эҳёи Аҷам” банд буд, аз Шанбезода дархостам, ки дар ёфтани баъзе маводи таърихӣ аз рӯйи ишораҳойи “Луғатномайи Деҳхудо” ёрӣ диҳанд. Ҳамин тавр баройи гуфтугӯҳойи фарҳангиамон заминае фароҳам омад. Ва аввалин қиссае, ки аз он кас шунидам, таърихчайи ҳамон алифбои забони шуғнонӣ буд, ки нақл кардед. Ва вақте ки лоиҳайи Қонуни забонро таҳрир мекардам, бар асари ҳамон суҳбатҳоям бо Шанбезода ба моддаеро дар борайи забонҳойи помирӣ илова кардам. Ба саволи умдаатон дар боби он ки “оё ягнобиву шугнони, рушониву язгуломи, вахониву ишкошими хам дар чахони демукрот метавонанд баробари забони ноби точики инчунин забони модариашонро низ дар макотиби миёна осуда биёмузанд ва дар баробари забони давлати аккалан соате тавассути радио ва телевизионхои махалли бо забони хеш барномае дошта бошанд”, ман албатта ҷавоби мусбат медиҳам. Ба назар мерасад, ки масъалайи ташкили маорифро ба забонҳойи маҳаллӣ бояд дар чорчӯби такмил додани рукнҳойи конститутсионии мухторияти вилояти Бадахшон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ кардан салоҳи кор бувад. Гумон намекунам, ки дар ҳалли ин масъала ягон мушкилоти бунёдии (принсипиалии) сиёсӣ буда бошад. Инро ман аз таҷрибайи гуфтугӯҳойи худам бо мақомоти сиёсии ҳизбию шӯравӣ мегӯям, ки он вақт комилан мутейи Москва буд ва ягон масъалайи муҳимми давлатиро худаш ҳал карда наметавонист. Чунончӣ, қабул шудан ё нашудани “Қонуни забон” дар ихтиёри Лучинскӣ ном халифайи Москва буд, хусусан ки ба лоиҳайи қонуни мазкур чор моддайи инқилобиро афзуда будем (аз ҷумла дар мавриди корбурди озодонайи забонҳойи маҳаллии Бадахшон дар маориф ва фарҳанги вилоят). Мо ки тавонистем бо ҳамон мақомот баҳсу талош карда, аз ҳама муҳиммаш пешниҳодамонро оҳиставу пайваста фаҳмонда қабул кунонем, пас чаро худи намояндагони аҳли илму фарҳанги Бадахшон бо мақомоти давлати соҳибихтиёрамон ба гуфтугӯ пардохта зарурати корбурди забонҳояшонро дар маорифу маданият собит накунанд? Баройи бомуваффақият анҷом ёфтани чунин саъю кӯш фақат ду чиз лозим аст: пешдоварӣ (предубеждение) надоштан (дар мавриди маҳалгаройӣ) ва ба ғалабайи ҷаҳлу ситез роҳ надодан, ки танҳо дар заминайи исроркорӣ ва сабру тоқат самара дода метавонанд.

Пурсиш 17: Дар бораи файласуфи Ислом, Аллома Ибн Рушди Андалусӣ, ягон маълумот дошта бошед моро аз аҳвол ва саргузашти Ибн Рушд бохабар мекардед?

Посух: Дар садаҳойи миёна дар қаламрави тамаддуни исломӣ як ҷараёни қавии ақлонӣ ҷараён дошт мавсум ба фалсафайи машшоъ, ки решааш аз сарчашмайи маънавии мактаби Арасту об мехӯрд. Ман мутахассиси таърихи фалсафа нестам, бинобар фақат худам медонистагиҳоямро мегӯям. Ба гумони ман, ин суннати фалсафӣ чаҳор намояндайи барҷаста дошт: Абӯнасри Форобӣ, Абӯалии Сино, Абулвалиди ибни Рушд ва Насируддини Тӯсӣ. Агар дар борайи Ибни Рушд (дар Урупо Аверроэс гӯянд) дар Эрону Афғонистон ва Покистону Ҳиндустон чизе мунташир шуда бошад, Шумо аз ман дида бештар хабар доред. Дар даврони Шӯравӣ Артур Сагадеев ном як тарҷумон (аз арабӣ) ва тарғибгари фалсафайи Арабу Аҷам андар рӯзгор ва осори Ибни Рушд ба русӣ китобчае навишта буд (соли 1979). Шахсан баройи худам баҳси фалсафии Ибни Рушд бо Абӯҳомиди Ғазолӣ бисёр ҷолиб аст. Агар ба фалсафа шавқу ҳавас дошта бошед, китоби машҳури Ибни Рушд “Таҳофут-ут-таҳофут”-ро ёфта хонед, ки бар асари китоби Ғазолӣ “Таҳофут-ул-фалосифа” навишта буд.

Пурсиш 18: Ое монархияро дар Точикистон, ки имконпазир аст, пешгири кардан мумкин аст?

Посух: Ҷавоби ман ин аст, ки на, монархия дар Тоҷикистон бо он пешгузаште, ки ин миллат ва ин мамлакат доранд, номумкин аст.

Пурсиш 19: Вазъи точикон дар Амрико чи тавр аст?

Посух: Рости гап, ман ҳатто намедонам, ки дар Амрико чӣ қадар тоҷик ҳаст . Боре донишманди мӯҳтарам Мансурхон Бобохонов, ки дар борайи тоҷикони ҷаҳон як рисолайи хуб навиштаанду лутфан ба ман ҳам фиристоданд, дар ин бора аз ман пурсида буданд, вале маълум шуд, ки он кас аз ман дида бештар маълумот доштаанд. Ман фикр мекунам, ки ду-се ҷавони бағайратро аз ҷумлайи онҳое, ки хонаводаашон дар ин тарафи уқёнус сокин шудаанд, лозим аст, ки ҳар чӣ зудтар тоҷикони Амрикоро (ин вақтҳо шуморайи онҳо аз ҳисоби муҳоҷирони ӯзбакистонӣ, хусусан аз Самарқанду Бухоро, торафт афзуда истодааст) номнавис карда онҳоро дар чорчӯби як ташкилот муттаҳид намоянд. Баъд бо муассисаҳойи тоҷикони Афғонистон алоқа ва ҳамкорӣ карда, якҷоя бо муассисаҳойи эрониёни муқими Амрико робитайи бародарона барқарор намоянд ва ба ҳамин тариқ баройи ба вуҷуд овардани як ташкилоти форсизабонони ҷаҳон саъю кӯшиш кунанд.

Пурсиш 20: Магар барои мунташир кардани “Ояндайи тоҷикон: «Пас, чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?”” мушкилие вуҷуд дорад? Яке аз маъалаҳои матраҳ кардаатон дар ин метавон дар чанд ҷумла ба таври хулоса гуед, ки барои ояндаи миллат чӣ бояд кард?

Посух: Мутассифона, ба саволи «Пас, чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?” бо чанд ҷумла ҷавоб додан мумкин нест, зеро ҳамон замон даҳ саволи дигар ба миён меояд. Чунон ки ишора кардам, пурсиши мазкур иқтибоси як мисраъ шеъри Муҳаммади Иқбол аст. Манзури алломайи ҳиндӣ (акнун покистонӣ хонанд), ки ӯро Саиди Нафисӣ “бузургтарин сӯфии қарни бист” унвон кардааст, як масъалайи ниҳоят муҳим буд, ки миқёси таърихию фалсафӣ дошт. Ҳазрати Иқбол андар сабабҳойи аслӣ ва усулии пасмондагиҳойи таърихии мардумони мусулмон фикру андеша меронд. Дар омади гап гӯям, соли 1991-ӯм ҳангоми дар конфаронси иқболшиносӣ дар Қуртоба (Испания) ширкат варзиданам дар ин бора бо писари ӯ Ҷовид Иқбол гуфтугӯе доштам. Шиносоии мо аз он сар шуд, ки дар оғози суханрониам изҳори таҷҷуб кардам, ки чаро дар он ҷамъомад забони баҳсҳойи илмӣ фақат англисист, касе ба забони форсӣ сӯҳбат намекунад, ҳол он ки бештарини осори манзуми Иқбол ба форсист. Ва ба унвони эътироз ду-се байташро азёд хондам ва сонӣ ба тоҷикӣ суханронӣ кардам. Вақти танаффус Ҷовид (намедонистам, ки ӯ ҳам иштирок дорад) пешам омад ва бо табассум гуфт: “Падарам ба форсӣ бемалол ҳарф зада наметавонистанд, забони форсиашон китобӣ буд. Ман ҳам форсиро намедонам!” Ба асли матлабам баргашта бояд хотиррасон намоям, ки саволи “чӣ бояд кард?”-ро бори нахуст Абдурауфи Фитрати Бухоройӣ дар аввалҳойи садафи бистӯм ба миён гузошта буд. Дар оғоз гуфта: “Банда низ муддате баройи ҷустуҷӯйи асбоби харобии ватан ва миллати худ ба ҳар сӯ давидам ва аз ҳар касе пурсидам, ҷавоби кофӣ наёфтам”. Баройи фаҳмидани раванди ҷустуҷӯҳойи Фитрат дар шоҳроҳи ҷомеашиносӣ аввал ба назар гиред, ки он вақт вай хеле ҷавон буд. Вале ҷасорат карда масъаларо хеле васеъ гирифта рисолаашро “Раҳбари наҷот” номидааст. Ва чунон ки аз тарзи муҳокимаҳояш бармеояд, уфуқи назараш танг набудаст, қалами илмиаш ҳам буррост. Ба унвони мисол як порайи андешаҳояшро иқтибос мекунам ва бад-ин тариқ Шумо ва дигар шунавандагону хонандагонеро, ки низ саволҳойи ҳамгун додаанд, даъват мекунам, ки рисолайи Фитратро ёфта хонетон. “Як рӯз мамлакати мо низ матлаи хуршеди маданият ва манбайи дарёи маърифат шинохта мешуд. Форобиҳо, бухориҳо, бӯалиҳо мамлакати моро ба саҳнайи олам бароварда буданд. Мамлакати мо буд, ки ҳазорҳо олимони мутабаҳҳирро (бисёр доно) ба атроф расонида овозайи шарафи хешро овезайи гӯши ҷаҳониён гардонид. Саноеъро то ба дараҷае расонида будем, ки хулафойи Аббосӣ бо он ҳама азамат ва шавкати худ қумоши (шоҳӣ) як қисм аз либосашонро аз мамалакати мо мебурданд. Аҷабо, аз ин пояи баланди шарафу саодат чаро афтодаем. Агар аз уламойи худ пурсем ба ҷуз ин ки “кулли явмин бадтар аст”, “хоҳиши илоҳӣ аст” ва “Қиёмат наздик аст” чизи дигаре намегӯянд”. Дар шарҳи ин андеша, ки сад сол пеш қаламӣ шудаст, як чизро афзуданиам. Фитрат бо ин гуна мулоҳизаҳояш бар зидди дини ислом набаромадааст, баръакс, поёнтар гуфтааст: “Ҳоло чора ҳамин аст, ки ба сӯйи китоби муаззам ва дастурамали мукаррам таваҷҷӯҳ намоем, бубинем, ки моро дар ин хусус раҳнамойӣ хохад кард ё на. Пас, бо камоли хулуси (самимият) қалб, бо вуҷуди бебизоатӣ ба мутоилайи “Қуръон”-и азим-уш-шаън машғул шудам”. Боз як шарҳи ман ин ки Фитрат дар “Қуръон” ба масъалаҳойи мушаххас ё ё вазифаҳойи конкретии замонаш ҷавоб наҷустааст, фақат раҳнамойӣ ҷустааст. Ва зимнан дар Каломи қудсӣ ҳикматеро ёфтааст, ки айни муддаойи ӯ буд ва имрӯз айни муддаойи мост: “Албатта худо неъматеро, ки ба як қавм додааст, тағйир намедиҳад, то он қавм аҳволи худро тағйир надиҳанд”! (Ояти 11-ми сурайи “Раъд”) Хулосайи ҷолиби Фитрат ин аст: “Худованди таборак ва таоло ақлро ба мо надодааст магар баройи ҳамин ки ҳақро аз ботил, манфиатро аз зарар тафриқ кунем… ва агар бар хилофи далолати ақл роҳе равӣ ва зараре бинӣ, он зарарро бояд аз худат донӣ, зеро ақлро, ки худо раҳнамойи ту карда буд, мухолифат кардӣ ва ба ин зарар расидӣ”. Гуфтайи Фитратро аз кунҷи назари фалсафайи муосир қадр карда бояд қайд карда гузашт, ки хулосайи ӯ ҳақиқат аст, вале буду шуди ҳақиқат нест. Асл инчост, ки акли холис дар муборизайи хайру шар ва хатто росту дурӯғ «бетараф» аст, яъне ҳам ҳаққу ҳам ботилро баробар исбот карда метавонад! Пӯсткандайи гапро гӯям, ақли одамизода ба лаҷоми ахлоқӣ мӯҳтоҷ аст. Вагарна ақл гарави ҳаққонӣ будани ҳама афкор ва кафили одилона шудани ҷамеи кирдор нест. Ин ба ақли илмӣ ё фалсафӣ ҳам дахл дорад. Аз фолклори таърихӣ як мисол меорам. Овардаанд, ки боре шогирди Абӯалии Сино Баҳманёр бо ҳаяҷон ба пеши устодаш омада арз кардааст: дар фалон гузар ду авбош ба ҳакиме дарафтода ӯро дошта мезананд, биёед, рафта халос мекунем! Бӯалӣ бо шаст берун баромада ҳамроҳи Баҳманёр ба ёрдам шитобидаст. Вале ҳанӯз ба ҳадафашон нарасида буданд, ки ӯ ба шогирдаш гуфтаст: сабр кун, оё шахсе, ки аз дасти авбошон халос карданием, ҳақиқатан ҳам ҳаким аст? Ман худам ӯро шахсан намешиносам, лекин боре дар маҷлисе ҳамчун олим муаррифӣ карда буданд. Ва аммо… ман ба ҳаким будани ӯ шубха карда истодаам: охир, агар ҳаким будӣ, корро бо авбошон то ҳадди занозанӣ нарасондӣ! Акнун ин мушоҳидаро бо ҷанги миллаткуши тоҷикона муқоиса кунед. Фоҷиа ё мазҳака инҷост, ки дар оташ додани ин ҷанг як гурӯҳ “рӯшанфикрон” ҳам иштирок доштанд! Адиби машҳури ҷумҳуриамон Мӯъминшоҳи Қаноат, ки дар васфи хиради Бӯалӣ достоне суруда зимнан аз ақли тоҷик болида буд, ба решайи маънавии ҷанги ҳамватаниамон зеҳн монда бо дарду алами шаҳрвандона гуфтааст: Зи Вахшу зи Панҷу зи шаҳри Қубод Буни тоҷиконро баровард бод. Ва ин бодро ҷаҳл бунёд буд. Лоиқи хунинҷигар бошад, ки то охири умраш дар ғами ватани садпорааш ҷон мекоҳонд, ба ману шумо ҳасратомезона хитоб кардааст: Ҳайфи андарзи бузургон, ҳама бефарҳангем, Ҳайфи он дини мубину ҳама осори бузург!

Пурсиш 21: Лутфан мехостам аз мехмон бипурсам,ки чи назаре доранд нисбати чопхонахои ин кишвар вагалат чоп шудани китобхо.

Посух: Чӣ гуям? Яқинан аз вазъияти ҷорӣ худатон аз ман дида хубтар бохабаред. Агар гӯям, ки сатҳи миёнайи савод аз он ки буд, паст рафт, ин кашфиёте нест. Аз ин ҷиҳат гап фақат дар саҳви виростор ё ғалатгири кампутар нест. Пеш ҳар як китоб, мақола ё хабаре, ки дар маҷалла ё рӯзнома чоп мешуд, аз дасти чандин кас – аз муҳаррир гирифта то мусаҳҳеҳ – мегузашт. Ба болойи ин костани ҳисси масъулиятро ҳам илова намоед, чӣ расад ба костани қадри сухан…

Пурсиш 22: Оё асолати забони хешро мо бе баркарории хуруфи ниёкон эхё карда метавонем? Агар ха, пас чи гуна? Агар не, окибат яъне чи? Саволи дигнар албатта омилхои мухими ташаккули давлати миллиро мехостам баршумуред ва ба кадоме аз онхо авлавият бояд коил шуд?

Посух: Аз назари фарҳангшинохтӣ, яъне културология, барқарор кардани алифбо ҳамчун яке аз аслҳои суннатӣ зарур аст. Яъне ин аз лиҳози назарӣ. Аммо аз назари амалӣ, мо вақте ки алибфоҳои кӯҳнаро тағйир додем, медонед, ки ду наслро бесавод ва аз илму фарҳанг дур кардем. Сониян табдили алифбо ин як кори сангин аст ва кори давлатист ва пурхарҷ аст. Лекин як роҳи миёна вуҷуд дорад. Мо вақте ки Қонуни забонро тарҳрезӣ мекардем, он ҷо гуфта будем, ки ҳуруфи ниёкон бояд барқарор карда шавад ва акнун дидему мебинем, ки ин масъала хеле печида бо ниёзҳои ҳам сиёсхӣ, ҳам фарҳангӣ ва ҳам иқтисодию иҷтимоист. Бино бар ин ба ин масъала васеътар ва аз ҳама ҷанбаъҳо нигоҳ кардан даркор аст. Роҳи миёна ин аст, ки аввал дар мактабҳо онро бояд саросар ҷорӣ кард ва дид, ки мардум дар пазириши он чӣ гуна рафтор хоҳанд кард. Дар оянда бо мустаҳакам шудани асосҳои давлати миллии мо ва муайян шудани пешомади муносибатҳои се кишвари Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ва ҳамоиши ин халқҳо ин барномаро бояд пеш бурд. Ва агар мо ба кадом роҳ рафтанамонро муайян кунем, албатта, муҳим аст, ки ба заминаҳои асолати муштараки фарҳангиямон баргардем. Дуруст аст, ки ҳар кас аз асли хеш дур монд, рӯзгоре боз ҷӯяд васли хеш. Аввал бояд ин васлро муайян кард. Ва аввалтар аз он бояд аслро муайян кард. Масъала бисёр мураккаб ва ҳам муҳим аст. Ман аз назари сирфс културологӣ гуфтам, ки баргаштанамон ҳатмист, фақат кай, чӣ тавр ва ба кадом шакл, бояд ба вазъиятъи воқеӣ нигоҳ кардаву кақам гузошт. Ташаккули давлати миллӣ чизест, ки бояд ҳамаҷиҳата омӯхта шавад. Масалан, нишону рамзҳои миллиро бигирем, ки гӯё як чиз сифр сиёсӣ аст. Аммо дидем, ки маънии онҳо хеле бештар аз ин аст ва онҳо як навъ инъикоси идеалҳои миллии мост. Тоҷик вақте ки пайдо шуд, чӣ халқе буд. Халқи шаҳрнишин буд, пас кӯҳ чӣ маънӣ дорад? Оё кӯҳ ватани аслии мост. Магар моро маҷбур накараданд, ба кӯҳ фирор кунем. Рамзи мо шаҳр аст. Манзурам, омилҳо бояд дар атрофи идеалҳои ҳақиқӣ муайян шаванд. Дувум, вақте ки миллат гуфтем, миллат чист? Халқе дорои як забон ва фарҳанги воҳид, ки барномаи муштараки пешрафт дорад. Агар миллатро ба ҳамин маънӣ фаҳмем, бояд аз рӯи ҳамин маънӣ давлат сохт. Гуногуншаклии мардум дар ноҳияи шаҳру навоҳӣ аз як сӯ ва аз сӯи дигар — ваҳдати миллӣ. Инҳо ҳам бояд аввал муайян карда шаванд. Бе муайян кардани мафҳумҳои асосӣ ин масъаларо ҷиддан гузоштан мумкин нест. Дар давраи пасошӯравӣ то ҳоло ягон ҷумҳурии собиқ, ягон миллат натавонистааст, ки давлати миллӣ созад, ҳатто Русия низ. Мо дер намондаем, Бино бар ин барои ин аввал бояд ормонҳои миллиамонро муайян кунем.

Пурсиш 23: Муддати чанд сол аст дар Амрико ба сар мебаред? Чи мактаби фалсафавие аз Амрикову Аврупоро барои омухтани ҷавонони Тоҷик бештар тарғиб мекунед?

Посух: Ман дар Амрико аз моҳи августи соли 1994 ин ҷониб зиндагӣ мекунам. Албатта дар ин муддат ман бисёр чизҳоро дидаму хондаму омӯхтам. Амрико дар фалсафа суннати чандон деринсол ва ғанӣ надорад. Лекин мактаби прагматизм, ки намояндагони барҷастааш Ҷон Дюӣ ва Ричард Рортӣ буданд, обрӯ ва нуфузи ғоявӣ дошт. Фалсафайи Урупо гапи дигар аст. Вай мисли пештара ҷиҳати гоя ниҳоят рангоранг ва ҷиҳати мақоми иҷтимойӣ бағоят фаъол аст. Чунончӣ, фалсафайӣ пасомодерния (постмодернизм) ихтиройи урупоиён аст, ки зодайи садайи гузашта буда махсусан дар Фаронса нашъунамо кардааст. Номҳойи Мишел Фуко ва Жак Деррида, Жан Бодрийяр ва Ален Бадю ба ҷумла файласуфони ҷаҳон шинос ҳастанд. Ҳамон ҷо як гурӯҳ мутафаккирони ҳангоматалаб ҳам арзи вуҷуд карданд, ки худро “Файласуфони ҷадид” номида гӯё як навъ инқилоби ақлонӣ ё интеллектуалӣ ба амал оварданӣ шуданд. Лекин онҳо, махсусан Андре Глуксман ва Бернар-Анри Левӣ, худро ба майдони журналистикайи сиёсӣ зада дар тафсиру таъбири рӯйдодҳойи ҷорӣ мавқейи чунон яктарафа ва ғаразнокро ишғол намуданд, ки ба зудӣ аз обрӯю эътибори илмиашон маҳрум монданд. Дар Олмон бошад, анъанайи фалсафайи суннатӣ, ки таҳлилу таркиби васеъ ва амиқ хоси ӯст, идома дорад. Барҷастатарин намояндайи он албатта Мартин Ҳайдеггер буд. (Соли 1976 аз дунё гузаштааст.) Лекин Карл Ясперс ва Юрген Ҳабермас низ дар ҷодайи худашон ному нуфузи калон пайдо кардаанд. Боз як ҷараёни фалсафиро номбар карда гузаштан ҳам даркор аст, ки онро постмарксизм меноманд. Сухан аз файласуфоне меравад, ки марксизмро бо психоанализ пайваста як равияи нави ҷустуҷӯҳои фалсафиро кушоданд. Намояндайи чашмраси ин равия Славой Жижек (аз Словения) аст, ки аз ҳунари ҷолиби суханронӣ ҳам орӣ нест. (Борҳо ба Амрико омада буд.) Дар мавриди консепсияи рушди ояндайи Тоҷикистон баъзе мулоҳизаҳоямро ҳангоми ба саволи Насибҷони ҳисорӣ ҷавоб додан қаламӣ кардам. Ҳоло аз он беш гуфта наметавонам.

Пурсиш 24: Дар Амрико зиндаги карданд осон аст барои Шумо?

Посух: Чандон осон нест, ки менамояд. Албатта олим дар миёни бегонагон бемалол зиндагӣ карда метавонад, хусусан агар забони онҳоро донад. Лекин баройи шоир амри муҳол аст. Ӯ ба пайваста шунидани сухани пиру барнойи ҳамзабон ниёз дорад. Рӯҳу равонашро боястӣ бо муҳити таърихию фарҳангии авлоду аҷдодаш, чунон ки физикон мегӯянд, дар резонанси ҳамешагӣ будан. Аз ин рӯ ҳам пайваста ташвиқот мебарам (ҳам ба худаш мегӯям ва ҳам ба ҳукуматдорон), ки ҳар чӣ зудтар ба Ватан баргардад. Албатта Бозор аз Тоҷикистон дилмонда аст: зиндонӣ буд, хангоми бозгаштҳояш ба Душанбе ҳамкасбонаш ҳам дар ҳаққи ӯ беҳурматиҳо кардаанд. Пас, чӣ ҷойи тааҷҷуб аст, ки ӯ беш аз пеш сахтгапӣ мекунад. Охир, Саъдии дунёдида беҳуда нагуфтааст, ки “дилозурдаро сахт бошад сухун”. Хусусан ки акнун шоири тоҷик дар ҳоли гулмоҳие қарор дорад, ки аз оби зулоли кӯҳзод гирифта ба аквариум андохтаанд. Лекин сахтгапиҳояшро ман аломати бо мурури замон афзудани меҳри Ватан мепиндорам; “мекашад хокаш, хасу хошокаш”! Ва он меҳрест, ки ҳарораташ ба воситайи торҳойи борику нозуки таҳтушшураш нақл мешавад…

Пурсиш 25: Чаро насабатонро аз Турсун ба Турсон баргардондед?

Посух: Баъзе дигарон (Шамшод аз Иркутск, Бадахшӣ аз Москва ва Зафар) бошанд, номи навамро умуман қабул надоранд. Пас, маро боястӣ таърихчайи воқеии ин номро қисса кард, ки аз ҳазл бархоста охир аз ҷиҳати шаклу мазмунаш маро хуш омад. Дар аввалҳойи солҳойи навадӯм дар меҳмонии устоди донишгоҳи Ҳоланд Тураҷи Атобакӣ будам. Боре, вақте ки дар атрофи муносибатҳойи турку тоҷик баҳсу талош мекардем (ман намедонистам, ки ӯ худаш эронии туркнажод аст), Тураҷ ба оҳанги танз гуфт: “Фаромӯш накун, номи падари ту ҳам мисли номи падари Турсунзода туркист!” Ҳамин замон ба сарам як таъбири аҷиб омад, ки намедонам ба зӯри шароби ҳоландӣ буд ё ба талқини ҳотифи ғайбӣ. Ба ҳамон оҳанг ҷавоб додам: “На, номи падарам форсии ноб аст! Турсун – тарзи навишти русист, аслаш Турсон!” “Ба кадом маънӣ? – дафъатан пурсид ҳамсӯҳбатам. “Турсон ба ду маънӣ меояд, кадомеро, ки хостӣ, бипазир: яке “ба сони Тур” ва-он дигар муштақ аз вожайи “турс ”, ки маънойи луғавиаш “маҳкам” аст!” Пас аз як сол дар Женева бо яке адибони машҳури Эрон Эраҷи Афшор сӯҳбати дӯстонае доштам ва зимнан мазмуни ҳамон гуфтугӯямро бо Атобакӣ ҳазломез нақл кардам. Вале аҷобати ин кор буд, ки устод Эраҷи Афшор онро таҳтуллафзӣ фаҳмида будаанд. Ба ҳар ҳол пас ду-се моҳ дар маҷаллайи “Оянда”таҳти унвони “Дидор бо ҳамзабони тоҷикам” сафарномайи эшон дарҷ шуд, ки дар он қиссайи гуфтагиам ҳамчун аломати форсипарвариҳойи банда қаламӣ шудаст. Баъди ин воқеайи тасодуфӣ, вале хурсандбахш аз номи нав даст кашидан айбу аҷаб мебуд!

Пурсиш 26: Мақомоти Узбакистон тавонистааст Тоҷикони муқими Самарқанду Бухоро ва дигар шаҳрҳои Узбакистонро Узбак нависонаду Узбак гардонад. Вале, чаро мақомоти Тоҷикистон наметавонад Узбакҳои Тоҷикистонро Тоҷик гардонад? Ё чаро мақомоти Тоҷикистон хоҳиш надоранд, ки Узбакҳои Тоҷикистонро аққалан ба забони Тоҷикӣ ҳарф зада тавонанд?

Посух: Аз ман напурсед, аз таърих пурсед: “тоҷикию сустӣ” бо “ӯзбакию зӯрӣ” тавъам омадааст! Дар аҳди Шӯравӣ ҳам Тоҷикистон дар ғояти ҳурмати эҳтиром ба ҳамсоягонаш ва ба хотири дӯстию бародарӣ ба тамоми бедодгариҳое, ки дар ҳаққи ҳамқавмони ӯзбакистониамон дар пеши чашмамон сурат мегирифт, чашм мепӯшид. Чаро ки бо соддадилии тоҷикона бовар дошт: ҳамагон дар қаламрави як давлати бузург зиндагӣ мекунем ва низ якҷоя ба сӯйи “ояндайи дурахшоне” меравем, ки дар он, бино ба талқини идеологияи камунистӣ, ҷумла тафовутҳо – на фақат фарқи шаҳру деҳот ва заҳмати ақлию меҳнати ҷисмонӣ, балки фарқи забону фарҳангҳо низ барҳам мехӯрду моро саодати ҷовидон насиб мегардад. Вале ҳамсояи деворбадеворамон аҷаб нест ба ин утопияи иҷтимойӣ бовар намекард, ки оҳиставу пайваста аз тоҷики боқимонда ба зӯрӣ ӯзбак месохт. Лекин акнун, ки мо соҳибистиқлол шудаему аз таърихи шӯравӣ сабақҳое бардоштаем (дурусттараш, бояд бардорем!), моро ҳам фарзу ҳам қарз аст, ки муносибатҳоямонро бо ҳамсоягон дар чорчӯбайи қонунҳойи байналмилалӣ ба роҳ монем. Баройи ин давлатро боястӣ доирайи мафҳуми “манфиати миллӣ”–ро васеътар гирифта ҳимояи ҳаққу ҳуқуқи ҳамқавмони берунмарзиамонро ба ӯҳда гирад. (Ин нуктаро ман ҷузван ба Қонуни забон дароварда будам: сухан аз зарурати ҳимоя кардани забони тоҷикӣ берун аз қаламрави сиёсии ҷумҳурӣ мерафт. Котиби Дуввӯми КМ ПК Тоҷикистон П. К. Лучинскӣ аввал сахт муқобил баромад, лекин чун дид, ки ман аввал гапро бо Қаҳҳор Маҳкамов пазондаам, бо таклифи ман ночор розӣ шуд.) Масалан, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бояд дар мавриди ҳимояи дутарафайи манфиатҳои сиёсию фарҳангии тоҷикон дар он кишвар ва ӯзбакҳо дар кишвари мо аҳдномайи давлатӣ имзо кунанд. Шарти асосии ин аҳднома бояд нуктайи зерин бошад: ҳукуматдорони ҳар ду кишвар ӯҳдадор мешаванд, ки баройи қонеъ кардани эҳтиёҷоти иҷтимоии мувофиқан тоҷикон ва ӯзбакон дар рушди забон, вусъати маориф ба забони модарӣ ва ҳифзи фарҳангу суннатҳояшон шароити даркорӣ фароҳам меоваранд.

Пурсиши 27: Барои чи Вируси М (махалгарои) дар руху чони миллати мо то ин дарача реша давондааст, ки сокини дехаи хамсояро мансуб ба дигар миллат мехонем. Ё пахншавии Вируси М пас аз ба сари кудрат омадани болшевекон дар сарзамини мо авч грифт?

Посух: Маҳалгаройиро ба вирус нею ба микроб монанд кардан беҳтар аст. Аслан маҳалгаройӣ, бо вуҷуди қисми таркибии металитетатамон будан, ба зоти хеш мисли микробест, ки дар организми ҳамагон вуҷуд дошта бошад ҳам, дар бадани одами солим инкишоф ёфта наметавонад ва дар ҳоли ғанаб мемонад. Ва фақат дар як қабати бисёр тунуку тунди ҷомеа вай фаъол аст. Дар мавриде, ки таъбираш медиҳам, хатари микроби мазкур (хусусан ҳамчун ангезандайи касалии «бегонаситезӣ») дар он аст, ки на фақат организми одамони ҷудогона, балки муҳити зистро ҳам заҳролуд мекунад. Аз сабаби маҳалгаройӣ пурсед, чизҳойи гуфтанӣ ва шуниданӣ бисёр аст. Лекин болшевикон сабабгори асосии густариши вай нестанд, ҳарчанд ки ба онҳо ҳам пиринсипи мустамликдорӣ “ҷудо куну ҳукумат рон” бегона набуд. Мо набояд ба як одати маъмули баъзе аз қавмҳои сомӣ тақлид кунем, ки иллати ҷумла нокомию шикасти дарунии худро дар берун меҷӯянд. Фитрати Бухоройӣ ҳамин одати нотавонбинонаро бо ишора ба фармудаҳойи Каломи қудсӣ рад карда бо исрор гуфтааст: “Сабаби ҳақиқии ин ҳам хорӣ ва беэътибории мо аъмоли носазойи худи мо мебошад”. Пас аз сад сол Лоиқ ҳамон хислати зиштро, ки кайҳо ба менталитети мо роҳ ёфтааст, бо ишора ба маънидоди расмии сабаби ҷанги ҳамватаниамон мавриди ришханди шоирона қарор дода буд: Ба бели хеш гӯри хеш канданд, Зи қасди душманон гуфтанду рафтанд…

Пурсиш 28: Фикри Шумо оиди имруза қарорҳои Вазири Маъориф чист (ҳиҷоб)?

Посух: Ба саволи дуйӯматон беҳтар бувад, ки уламойи дин ҷавоб диҳанд, ки дар ин масъала аз ман дида салоҳияти бештаре доранд.

Пурсиш 29: Имруз қариб гуфтан мумкин аст, ки 40%-50% калимаҳои Арабӣ забони Тоҷикиро иваз кардаанд. Яъне забони Тоҷикӣ қариб Арабӣ шудааст. Ҳатто китобҳои мактаби миёнаро калонсолон мехонанд баъзе калимаҳоро намефаҳманд. Андешаи шумо чист?

Посух: Фикратон дар борайи вазъи забони тоҷикиамон комилан дуруст аст. Бар асари нуфузи “«арабизатсияи схоластии примитив» (қавли Бозори Собир) забони тоҷикӣ, ки ба эътирофи шарқшиносони забондон “соддатарин ва ширинтарин забони форсист”, худвижагии худро аз даст дода истодааст. Зимнан, «гилобализатсияи лингвистӣ» ҳам дар остонаамон истодааст, ки дар рафти он нақши ҳаракатдиҳандайи инкишофро ба ҷойи забони русӣ забони англисӣ бозиданист! Маро танҳо ҳамин монда, ки дар ғояти тааҷҷубу таассуф мисли Мавлоно Ҷалолиддин хитоб кунам: “Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод”!

Пурсиш 30: Аз оне ки ман фаҳмидам, шумо дар яке аз донишгоҳҳои Филаделфия кор мекунед. Бигуед, оё ҳастанд дар донишгоҳи шумо омузгорон аз Узбакистон? Чунки ман дар чанд донишгоҳҳои инҷо дидам, ки онҳо нисбати Тоҷикон ва Тоҷикистон бо донишҷуёни Амрико фикрҳои хаторо пешниҳод мекунанд. Масалан, яке аз онҳо дар дарс гуфт: “Дар Узбакистон фақат бо 2 забон ҳарф мезананд: Узбакӣ ва Русӣ.” Гуё дар Узбакистон Тоҷикон нестанд.

Посух: Дар мавриди донишҷӯёни ӯзбакистонӣ дар Амрико: шумораашон албатта меафзояд, миёни онҳо тоҷикони Самарқанду Бухоро ҳам вомехӯранд, ки рафторашон аз рафтори дигарон фарқ карда меистад. Як факти ҷолиб ин аст, ки тоҷикони ин ду шаҳри бостониамон хонавода ба хонавода кӯчида омада истодаанд. Чунончӣ, ба шаҳри мо оилайи Аҳмадиён муҳоҷир шуда омад. Сарвараш Ҳакими Аҳмадиён як марди тоҷикпараст будаст. Ба ӯ маслиҳат додам, ки баройи ташкил кардани ҷамоайи расмии тоҷикони Амрико камари ҳиммат ба миён бандад.

Пурсиш 31: Ба назаратон агар донишҷуёни сарчини Тоҷик ба хориҷ аз кишвар рафтаву фаъолият намояд, пас ояндаи Ватан ва ансоли минбадаи он чи мешавад?

Посух: Фақат як чизро мегӯям. Мо, тоҷикон, сириштан мардуми гузаштагаро ҳастем: будагиро эҳтиёт намекунему гузаштаро пайваста ёд мекунем! Баройи сабаби умдайи пиндору рафторамонро ёфта фаҳмидан дар бахши равонковӣ (психоанализ) унвони илмӣ доштан шарт нест: дастайи корди гумкарда тиллост!

Пурсиш 32: Оё чаноби Акбари Турсон аз миёнравиашон дар Хукумати Муросои милли пушаймон хастанд ё не? Акбари Турсон хотирахояшонро мисли китоби собикашон дар мавриди шахсиятхои барчастаи илму фарханги точики асри XX боз менависанд ё хайр?

Посух: Ҳар кас кореро бояд кунад, ки аз дасташ меояд ва он кор бояд самара диҳад. Он коре ки мо кардем, самар дод, фақат дер напойид. Мо се нафар он кореро ки карда метавонистем, кардем. Чизе ки аз дастамон меомад, кардем, аз он зиёд коре карда наметавонистем. Самараи он як се-чор моҳ идома кард, аммо на тарафи оппозитсия ва на тарафи давлат натавонистанд аз он ба хубӣ истиофда кунанд. Бинобар ин ман гуфта наметавонам, ки аз ин миёнаравӣ пушаймон ҳастам. Оре, ман навиштанӣ ҳастам ва як силсиларо оғоз карад будам ва онро ҳатман навиштанӣ ҳастам зеро барои худам ҳам як навъ оинаи худшиносист.

Пурсиш 33: Шумо ба матбуоти даврии имрузаи точик чи гуна бахо медихед?

Посух: Мутаассифона, дастрасии тамом надорам ва асосан китобу матолиби илмӣ ба дастам мерасад. Аммо рӯзноманигорони қавӣ ва ғамхорамонро дида чунин хулоса мекунам, ки рӯ ба пешрафт аст.

Пурсиш 34: Чи бояд кард Гариби кухи сахт аст,агар ягон вакт рохатон ба Руссия афтад, холи мо гарибони Точикро бини дилатон аз дуньёву миллат хунук хохад шуд.

Посух: Ҳар як сатратон бароям ошност ва аз ин ҷиҳат дарду алами маро аз вазъи ҳамватанонами дарунмарзиву берунмарзиам ба маротиб афзун мекунад. Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр, Меҳрубонӣ кай сар омад, шаҳриёронро чӣ шуд?! Худораҳматӣ холаам, ки отуни маҳалла буданд, ҳар бор, агар дуое мехонанданд, дар поёни қироати порае аз Қуръон ҳатман аз худ меафзуданд: «Парвардигоро! Аз тӯхмати ногаҳон ва балойи охирзамон дар паноҳат нигоҳ дор!» Бача будам, намефаҳмидам, ки манзурашон аз «балойи охирзамон» чӣ буда бошад. Фақат шунида будам, ки сабабаш ношукрӣ будаст. Дар хонаамон ҳикмати “куфрони неъмат – заволи давлат”–ро борҳо шунида будам… Акнун ҳар боре ки аз ягон фалокати иҷтимойӣ дарак меёбам, ҳамин илтиҷойи пиразани тоҷик ба ёдам меояд, ки дар як гӯшайи дурдасту хилвати Тоҷикистон зиндагӣ кунад ҳам, дар ғами эмин доштани ҳамагон аз балойи охирзамон буд.…. Хушбахтона, муҳоҷирони тоҷик дар Русия танҳо нестанд, онҳо дар Москва дар шахси Шумо барин тоҷикони дилсӯз пуштупаноҳ доранд. Дар баробари мардикорию дарбадарӣ таҷрибайи рӯзгор меандӯзанд, ки дар “дафъи ҳаводис” раваду ба худашон ба кор наояд, баройи фарзандонашон ба кор хохад омад. Маҳз аз миёни ҳамон “аҳли вилоятзо” (дар аҳди Моғулони Ҳинд тоҷикони муҳоҷирро ҳамин тавр меномиданд) насли наве ба камол мерасад, ки аз насли ману шумо дида бағайраттару фаъолтар хоҳад буд. Дар Русия муосирони таҳавули пасоисталиниро “шестидесятники” меномиданд. Ману Шумо ба насле тааллуқ дорем, ки онро “семидестятники” номидан равост. Даҳсолае, ки ҳангоматалабони горбимаоб ғаразмандона ва ришхандомезона “даврайи рукуд” унвон карданд, баройи насли мо айёми шукуфоии эҷодӣ буд: Лоиқу Бозору Гулрухсор дар шеъру шоирӣ, Маҳмуду Атою Ҳошим дар театр, Ҷӯрабек дар суруду наво, Темур дар илми риёзӣ, Давлат дар синамогарӣ ва Отахон дар рӯзноманигорӣ обрӯю эътибори умумииттифоқӣ пайдо карданд. Ба онҳо Шӯравӣ ба хотири “национальный кадр” буданашон имтиёз надода ё шароити махсус фароҳам наоварда буд, яъне ба сони мураббии кӯдакистон аз дасташон гирифта поя ба поя баланд набардоштааст. Ҳар яке дар ҷодайи баргузидааш ба фарти зеҳну закои табиие, ки дошт, ба қуллайи баланди эҷодиёт расид. Умедворам, ки насли наве, ки дар замони ҷаҳонигардонӣ ба сахтӣ ба камоли маънавӣ мерасад, мисли насли мо забону фарҳанги тоҷикиро пос медорад ва аз дастовардҳойи Шарқу Ғарб баробар баҳра бардошта шоҳроҳи рушди миллиро обод мекунад… Сухан боқӣ. Ман ҳам ба Шумо бо камоли эҳтиром хонаободӣ мехоҳам.

Пурсиш 35: Шумо рушан намоям, ки оё рушанфикри точикро чи гуна дидан мехохед?

Посух: Мӯъминшоҳи Қаноат дар тааммули пиндору рафтори тоҷикона хеле хуб гуфтааст: Дидаем ин хокро бо чашми танг, Ки дар ин дарёст гулмоҳи наҳанг! Ин мушоҳидайи шоиронаро метавон ҳасрат низ хонд. Ман онро ҳасрате мепиндорам пеш аз ҳама аз одамони соҳибмаълумоте, ки худашонро рӯшанфикр мехонанд. Аз ин маънӣ рӯшанфикрони тоҷикро фарз аст, ки дигар як ҳақиқати талхро ҳам иқрор кунанд. Чӣ дар замони гузашта ва чӣ асри ҳозир ба аксарияти аҳли фазлу дониш, аз ҷумла худи ман ҳам, хислате намерасиду ҳамоно намерасад, ки онро аз қавли Алии Шариатӣ «истиқлол дар қазоват» унвон мекунам. Манзурам назари мустақилона «ба ҷаҳоне, ки дар онем, ба вазъе, ки дорем, ба таърих, мазҳаб, сарнавишти фардо ва билохира моҳияти хеш ва мояҳо, камбудҳо, ноҳанҷориҳо, ранҷҳо, ниёзҳо ва ормонҳойи хеш». Бадеҳист, ки фақат дар сурати касб кардани чунин дастурамали шахсияти болиғ дар колбади фарсудайи мо ҳам замоне рӯҳи созандагӣ дубора бедор мешаваду дар хоки қабристони асри мо ҳам рӯзе сарв қомат меафрозад…

Пурсиш 36: Дар нахуст посухи худ, шумо гуфтед: “Яъне вақте ки ман кайҳоншинос шудам, ман касбамро тағйир надодам, балки ихтисосамро дар ин касб тағйир додам.” Чаро мақолаву навиштаҳои пешинаи шумо барои ҳама дар интернет дастрас нест?

Посух: Фарқи касбу ихтисос албатта шартист. Ба назари ман «касб» васеътар аз «ихтисос» аст: олимиро касб гӯем, «физик» ё «файласуф» ихтисос аст. Таснифро дар дохили «физик» ё «файласуф» ҳам давом додан мумкин: касбам файласуф, ихтисосам кайҳоншинос, муаррихи фалсафа, фарҳангшинос (културолог) ва ҳоказо. Дар мавриди саволи дуйӯм: китобу мақолаҳоям андар кайҳоншиносӣ асосан солҳойи 1960-1980-ӯм дар Москва ба русӣ чоп шудаанд, ки он вақт хати электронӣ ҳанӯз вусъат пайдо накарда буд. Умедворам, ки бо мурури замон архиви журналҳойи “Вестник АН СССР”, “Вопросы философии”, “Философские науки”, “Природа” ва “Земля и Вселенная”, инчунин “Восток” (номи пешинааш “Народы Азии и Африки ”)-ро ба хати электронӣ гардонда ба Интернет мебароранд. Лекин баъзе мақолаҳое, ки солҳойи 90-ӯм ва оғози солҳойи 2000-ӯм чоп шудаанд, дар Интернет ҳастанд.

Пурсиш 37: Пас дар герби Точикистон бояд ба фикри шумо боз чи бошад, Гури Амир,Регистони Самарканд, ё Мадрасахои Бухоро? Магар точи шохи нишонаи тамаддуни шахрнишин нест? Ба фикрам тобиши махалгарои хеч гох аз зехни равшанфикрон намеравад…

Посух: ҳарчанд ки ислоҳу эроду айбҷӯйиҳоятон ба ман маъқул нест, гуногунрангии афкор ё ба истилоҳ плюрализми демократимаобро қабул дорам. Ё бо як таъбири машҳури Волтер гӯям, «ман бо он чизе, ки мегӯед, розӣ нестам, вале баройи бад-ин сон гуфтан ҳақ доштанатонро то ҷон дар рамақ дорам ҳимоя мекунам». Фақат намедонам, ки ин ҳамаро дониста мегӯед ё надониста. Лекин аз ҳавойи гапатон шахси таҳсилкарда ҳастед ва шояд унвони илмӣ ҳам доред. Пас, дониста мегӯед. Бинобар ин мулоҳизаҳоятонро ба ҷид пазируфта ҷавоб мегӯям. Аввал андар кӯшиши ба маҳалгаройӣ муттаҳам карданатон меандешам. Гумонатон далели гӯёст, ки менталитети мо, тоҷикон, дар воқеъ ҳам ба ислоҳи ҷиддӣ мӯҳтоҷ аст ва, чунон ки аз навиштаҳойи Шумо хулоса мебарорам, кори чандон осон ҳам набудагист. Саабаш ин бувад, ки маҳалгаройӣ ба симати дастури маънавӣ (установка, ба истилоҳи равоншиносони рус) аз худи таҳтушшуури таърихиамон нуфуз мекунад. Агар боз гумони бад набаред, ки ман худамро бо Ҳазрати Бӯалӣ муқоиса карда калонгирӣ мекунам, мазмуни як рӯбоиро, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, ёдрас мекунам. Ӯ дар ғояти алам гуфтааст: аминам, ки касе мисли ман имони амиқ надорад, лекин агар шумо мани дар диндорӣ ин қадр самимро кофир хонед, пас дар тамоми дунё як мусулмон набудаст! Мақсудам фақат зикр кардану шарҳ додани як марҳилайи муҳимми ташаккули шахсияти худам аст. Айёми бачагию наврасиам дар миёнгоҳи шаҳре гузашт, ки дар он аз як сӯ бо русу ӯзбак ва аз сӯйи дигар бо тотору чечен дар тамосу гуфтугӯ (баъзан часпу талош ҳам!) будам. Лекин вақте ки аз кӯча калтак хӯрда ба хона меомадам, падар ё модарам на худам ва на ошноҳоямро айбдор намекарданд, чӣ расад ба нажод ё феълу атвори бегонагонро сарзаниш кардан! Фақат ба унвони дилбардорӣ мегуфтанд: ҳеҷ қисса не, бачагӣ ҳамин хел мегузарад. Пас, ба менталитети ман бегонаситезӣ ё қавмгароии мутаассибона роҳ ёфта наметавонист, чӣ расад ба маҳалгаройӣ, ки аз вуҷудаш фақат ҳангоми донишҷӯиям дарак ёфтам. (Дар хобгоҳи донишгоҳамон студентони кӯлобию помирӣ гурӯҳ-гурӯҳ шуда занозанӣ мекарданд. Вақте ки ба устодам Султон Умарӣ дар ин бора бо тааҷҷуб ҳикоя мекардам, ҷавонони дигаршаҳру дигарвилоятро танқиду мазаммат намекарданд, фақат бо исрор огоҳ мекарданд: “Зинҳор, мабодо ҳамроҳ нашаветон”!) Пас аз чоряк аср, вақте ки бо амри тасодуф маро директори Институти ховаршиносӣ таъйин карданд, то чӣ андоза реша гирифтани ин маразро дар зеҳни ба истилоҳ интеллигентсия ҳанӯз намедонистам. Як кӯҳистониро ба худ муовин гирифтам, вале ба гӯшам мерасид, ки баъзеҳо дар Шӯъбайи афғонистоншиносӣ (пеш аз ҳама мудираш), аз ин норизоянд. Муаммо ин буд, ки намедонистам, ки чаро. Фақат сонитар фаҳмидам, ки кӯҳистони Фалғар дигар будасту кӯҳистони тарафи Ғарм дигар; аввалӣ “шимол” ҳисоб мешудасту охирӣ “ҷануб”. Дар мактабе, ки ман хонда будам, муаллими ҷуғрофиямон (бародари калонии устод Ҳусейнзода) дар борайи чунин нозукиҳойи рӯзгори тоҷикона чизе нагуфта буданд, шояд эшон ҳам намедонистанд! Акнун ба мавзӯйи сирф илмӣ рӯ меоварам. Модом ки шахси донишманд будаед, дар мавзӯйи рамзу нишони давлатӣ дар қаринайи (контексти) васейи хештаншиносии миллӣ амиқтару ҷиддитар баҳс кардан лозим меояд, чаро ки ин масъалайи ҷуғрофия ва арифметика нест, масъалайи таърихию фарҳангист. Солҳойи бистӯм афсар ва мардумшиноси рус В. П. Наливкин, ки гароиши пантуркистиро рӯирост ҳимоя накунад ҳам, аз тариқи паст задании нақши таърихии тоҷикон дар Варорӯд, ба қувват гирифтани вай мусидат мекард, даъво дошт, ки «яке аз хислатҳойи миллии» тоҷикон «кӯҳгаройист» (тяготение к горам). Худи ҳамон вақт академик В. В. Бартолд ин ақидаро «соддалавҳона» номида ба наливкинҳо фаҳмонда буд, ки таърихи тоҷикон — таърихи фоҷиабори танг карда баровардани халқи муқимии зироаткор аз водиҳо ба куҳҳо мебошад. Ва низ бо таассуф афзуда, ки туркониши тоҷикон, бар хилофи чашмдошт, маҳз дар замони ҳукумати русҳо авҷ гирифт. Аз ин рӯ истилоҳи навсохти Шуморо («миллати куҳистонӣ») фақат аз ҷиҳати илмӣ қобили қабул надонистан кам аст; пеш аз ҳама вай рӯҳан дардовар аст. Албатта баройи қисме аз тоҷикон, махсусан ворисони онҳое, ки аз зулму ситами қабилаҳойи бодиянишин шаҳрҳоро тарк карда дар дараву кӯҳҳо пинҳон шудаанд, ҷабали росих рамзи зиндамонӣ ва санги хоро намоди истодагарист. Вале аҷдоди шахсоне, ки имрӯз бо як ифтихори шигифтомез доси Моҳро бӯсида асли худро кӯҳзод мехонанд (яъне ақидайи пантуркистонро, ки ҳанӯз ҳам тоҷиконро “тоғдан тушганлар”, яъне “аз кӯҳ фуромада омадаҳо” мехонанд, …соддалавҳона тасдиқ карданӣ ҳастанд!) ва ҳамзамон ба ҳамқавмони шаҳрзодашон чашм ало мекунанд, низ як вақтҳо (шояд то истилойи Чингиз) шаҳрнишин буданд. Гуфтан кофист, ки сайёҳони бостонӣ Бохтар, яъне қаламрави ҳозира Тоҷикистони Ҷанубиро, «кишвари ҳазоршаҳр» хондаанд! Ин масъалаҳойи нозуки таърихию фарҳангиро аз олимон дида шоирони мо амиқтар эҳсос мекунанд. Чунончӣ, Лоиқ донишмандонро ба таҳқиқи фоҷиаи таърихиамон даъват карда гуфта буд: Боре бидон, эй ҷони ман, бечора тоҷикон чаро Бар кӯҳҳову дарраҳо ҷон рӯйи каф бигрехтанд! Умр агар вафо кунад, дар борайи рамзу нишонаҳойи давлатӣ ва идеалҳойи миллиамон як мақолайи муфассал менависам. Ана онгоҳ, оқойи “Суғдӣ”, ба баҳси илмӣ лутфан ҳамроҳ шавед.

Пурсиш 38: Баргаштан ба хати пешинаи форси аз нигохи Шумо чи гуна аст? Оё бозгашт ба хуруфи форси ба тараккиёти фархангии мо зарар дорад ё на? ва умуман ба фикри Шумо хати хозира истад ё бозгаштан ба хати пешинаамон?

Посух: Чунон ки қаблан гуфтам, ман ҳам мисли устод Шакурӣ ва дигарон бозгаштро ба алифбойи ниёкон ҳатмӣ ва ногузир мешуморам. Ин масъаларо мо ҳангоми таҳия намудани Қонуни Забон (1989) ба миён гузошта будем. Вале бо назардошти вазъияте, ки он вақт қарор доштем (дар ҳайати Шӯравӣ буданамон), мӯҳлати гузаришро аниқ накарда будем. Лекин дар мактабҳо сар кардани таълими алифбойи арабии форсиро талаб карда будем. Акнун ки соҳиби истиқлоли сиёсӣ шудаем ин масъаларо худамон ҳаллу фасл карда метавонем. Вале масъаларо яку якбора бо як фармон ҳал кардан нашояд ва набояд. Се ҷиҳати корро дар мадди назар доштан даркор аст. Якӯм — иқтисодӣ, ки ба шарҳи махсус ниёз надорад. (Умедворам, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ин ҷиҳат моро дастгирӣ хоҳад кард.) Дуввӯм — ташкилӣ, ки ҳаллаш чандон осон нест: аввал муаллимони хушсавод лозиманд, сонӣ китобҳойи дарсии ҳозиразамон, ки танҳо аз китоби алифбо иборат нестанд (низ аз Эрон омаданаш мумкин), баъд бисёр чизҳойи дигар, ки дар оғози кор наметавон пешбинӣ кард. Саввӯм – иҷтимоию маънавӣ: манзурам пайванди наслҳойи ахир ва пасомади рахна задан миёни онҳост. Калонсолон, хусусан мутахассисони илмҳойи табиатшиносӣ ва фаннию технологитеро ба сари парта шинондан кори осон нест. Яқинан аксарияташон ба маънии меъёри нав бесавод мемонанд. (Чунонки, инро аз таҷрибайи ду бор иваз шудани алифбо дар замони Шӯравӣ медонем.) Аҳволи тоҷикони Ӯзбакистону Қазоқистону Қирғизистон, муҳоҷирону муҳассилону бизнесменҳойи тоҷикро дар Русия ва дигар кишварҳойи ғарбӣ ҳам ба назар гиред. Ин дар ҷомеа ихтилоф эҷод карда ва шояд боиси пастравии сатҳи тараққиётамон гардад. Хулосайи калом, тамоми бахшҳо, ҷиҳатҳо ва бӯъдҳойи ин кори мураккабро дар ҳамбастагӣ андешидан мебояд. Баройи ин ба даст қаламу қоғаз гирифта ҷумла омилҳоро на фақат ҳисобу китоб, балки таҳлилу таркиб кардан даркор аст. Яъне нақшайи кор бояд ба тадриҷ, зина ба зина ба амал бароварда шавад: донистаю санҷида ва дар ғояти масъулиятшиносии иҷтимоӣ.

Пурсиш 39: Насиб кардани ин илми худро аз кадом ҷониб медонед? Яъне аз тарафи Оллоҳ ё аз нафси худ?

Посух: Абӯалии Сино ҷавоб додааст: мепиндошт, ки фикру ғояи нав дар сари одамони муфаккир аз тарафи мабдайи рӯҳоние ангезида мешавад, ки дар силсилайи маротиби судури кайҳонӣ ё кавниётие, ки маҳсули қалами фалсафии Бӯалист, Ақли Даҳӯм ба шумор меравад. Вале Шайхурраис ҳамзамон афзуда, ки талқини ғайбӣ ба ҳамагон дастрас нест; аз файзи осмонӣ фақат фарзонаҳо баҳра бардошта метавонанд. Зимнан, дар осори Ҷалолиддини Балхӣ айнан ба ҳамин маънӣ ишорае ҳаст:: Эй муқаллид, ту маҷӯ пешӣ бар он, К-ӯ бувад манбаъ зи нури осмон!

Фарҷом:

Анҷоми сухан Шукру сипос ба ҳамайи ҳамватанони арҷманде, ки маро ёд карда бо саволу андешаҳояшон чароғи гуфтугӯямонро афрӯхтанд. Бо мазмуну мароми пурсишҳояшон шинос шуда як ҷаҳон тассуроти рӯҳафзо гирифтам. Аз як сӯ, бовариам қавитар шуд, ки ҳамватанони ман, аз ҷумла ҷавонон, ба қавли Ҳофиз, “дар ин ғавғо, ки кас касро напурсад”, худро гум карда ба гирдоби рӯҳафтодагию ноумедӣ наафтодаанд ва мисли наслҳойи пешин пайваста роҳи наҷотро меҷӯянд. Аз сӯйи дигар, бо вуҷуди ин ки акнун қадри сухан ба маротиб паст шудаст, муосирони ҷавони ман ҳам мисли падару бобоёнашон суханфаҳму суханкаш ҳастанд. Инаш боиси ифтихору илҳом аст. Чаро ки ба забони гӯётари шеър гӯям, Қуввати ҳарфи сухангӯ аз суханкаш мешавад, Гар замин қобил набошад, ҷӯши боронро чӣ ҳаз! Зимнан бояд огоҳ намоям, ки хонандагонро набоястӣ ҷавобҳоямро ба саволҳояшон як навъ панду насиҳат ё тарғибу талқини мағзшӯёна донистан. Гуфтаҳоям монолог не, балки диалог ҳастанд; онҳоро гуфтугӯ хондан ҳам чандон дуруст нест, гуфтушунид унвон кардан саҳеҳтар ва салоҳтар бувад. Ба як гурӯҳ саволҳойи мушаххасе, ки низ муҳим буданд, як ба як ҷавоб доданро салоҳ надонистам. Манзурам саволҳойи Фаррух, Сайфулло, Пирӯз, Шокир, Аброрхон, Асрориддин, Даврон (ҳамагон аз Душанбе), Соқӣ (аз Хуҷанд), Рустам (Брюссел), Файзулло (аз ИМА) ва дигарон мебошанд, ки худро муаррифӣ накардаанд. Саволҳойи онҳо ба сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мебошанд. Азбаски ман солҳост дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунаму рафти рӯйдодҳоро бо тамоми ҷузвиёташ намедонам, фикр кардам, ки андар масъалаҳойи мазкура мушаххасан изҳори назар кардан, хусусан агар он интиқодӣ бошад, мисоли аз болойи асп истода алаф дарвидан мебуд. Ба ақидайи ман, мадҳ ё қадҳ кардани воқеайи ҷудогона, ҳар якеро ҷудо-ҷудо нек ё бад хондан вазифайи фалсафа нест, чунки вай бо кул сару кор дорад, на бо ҷузъ. Лекин агар файласуф бихоҳад, ки ба ин кор даст занад, ӯро зарур аст, ки ҳар як воқеаро аввал ба қатори синхронии рӯйдодҳойи дигар гузошта, онро дар шабакайи равобити дарунӣ ва берунӣ баррасӣ намояд. Лекин ин ҳам кофӣ нест. Қадами муҳимтар – воқеаро ба радифи алоқамандиҳойи диахронӣ монда, пайванди гуногунҷиҳатайи сабабу натиҷаро дар қаринайи (контекст) замони муаяйн ҷустан аст. Муроди ин равиши тадқиқ муайян ва мушаххас кардани тамоюлҳойи ботинии рӯйдодҳо ва пиринсипҳойи куллиест, ки дар ҷодайи онҳо тамоюлҳойи мазкур шакл гирифтаанд ё шакл гирифта истодаанд. Агар аз ҳамин кунҷи назар ба рафтори Тоҷикистони кунунӣ дар арсайи ҷаҳонӣ бингарем, онгоҳ метавон ба ду ҷиҳати умдайи фаъолияти берунмарзии давлати соҳибистиқлоламон эътибор дод, ки куллан умедбахш буда сазовори эътирофанд. Аввалан, Тоҷикистон оҳиставу пайваста ба низоми муносибатҳойи байналхалқӣ интегронида мешавад. Ҷумҳуриамон бо муассисаҳойи байналмилалӣ — аз Созмони Милалмуттаҳид ва Муассисайи Конфаронси Исломӣ гирифта то Бунёди байналхалқии Асъор ва Бонки рушди Осиё ҳамкории судбахшеро ба роҳ мондааст. Сониян, Тоҷикистон дар вусъату ривоҷ додани ҳамкории минтақавӣ (дар миқёси Осиёи Марказӣ) ҳам саҳм мегирад. Мисли Ӯзбакистон худро аз як ҳадди ифрот ба дигар ҳадди ифрот намезанад, ба васвасайи душманҷӯию душмансозӣ саргарм нашуда роҳҳойи ҳаллу фасл кардани масъалаҳои умумиминтақавӣ, хусусан масъалаҳойи обу барқро меҷӯяд. Аз ин ҷиҳат махсусан чашмандози вусъати ҳамкории регионалӣ дар чорчӯби Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ӯст, умедбахш бувад. Ба назар мерасад, ки ҷумҳуриамон дар бозии геополитикии абарқудратҳо дар ҳошияи Осиёи Марказӣ (акнун вай сетарафа аст: дар баробари Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳам фаъолона ширкат меварзад) низ мавқеъ ва мақомашро ёфтааст. Ман ин ҷо бо ҳамин мушоҳида ва мулоҳизаҳойи куллӣ иктифо меварзам, чаро ки баройи ҳамаҷиҳата дида баромадани масъалаҳойи равобити байналмилалӣ домани сомонайи “Озодӣ” тангӣ мекунад.